Март 14, 2021 17:24 Asia/Dushanbe
  • Ваксинаи нави эронии корона рӯнамоӣ мешавад
    Ваксинаи нави эронии корона рӯнамоӣ мешавад

Вазири беҳдошт, дармон ва омӯзиши пизишкии Эрон, аз рӯнамоии ваксинаи нави эронии корона хабар дод.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон,  вазири беҳдошт, дармон ва омӯзиши пизишкии Эрон Саид Намакӣ гуфт: Ин ҳафта сешанбе аз як ваксинаи нави эронӣ дар созмони сипанди Вазорати дифоъ ва пуштибонии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Исломии Эрон рӯнамоӣ хоҳад шуд.

 

Вазири беҳдошт, дармон ва омӯзиши пизишкии Эрон, дар бораи охирин вазъияти тавлиди ваксинаи корона дар кишвар гуфт: Аз чандумин ваксинаи  эронӣ дар созмони Сипанди Вазорати дифоъ рӯнамоӣ хоҳем кард, ки дар арсаи байналмилалӣ ифтихоре барои кишвар хоҳад буд.

Саид Намакӣ, имрӯз (якшанбе) дар ҳошияи маросими муаррифии беморхонаи сайёри 128-тахтихобии корпуси Сипоҳи Посдорони Инқилоби Исломӣ гуфт: "Ин маҷмаа яке аз нозуктарин ва пурарзиштарин маҷмааҳои тиббӣ ва фавқулоддаи дунёст, ки кори бузург ва пурарзиш дар дақиқаҳои хеле маҳдуд анҷом медиҳад. "

Барчасп