Сафари вазири хориҷаи Русия ба Теҳрон; таъкид бар иродаи муштарак бар тавсеаи равобити стратегӣ
(last modified 2021-04-13T10:36:42+00:00 )
Апрел 13, 2021 15:36 Asia/Dushanbe
  • Дидори Зариф ва Лавров; Имрӯз дар Теҳрон
    Дидори Зариф ва Лавров; Имрӯз дар Теҳрон

Вазири хориҷаи Федератсияи Русия Сергей Лавров, имрӯз сешанбе 13 апрел дар Теҳрон бо вазири умури хориҷаи Эрон Муҳаммадҷавод Зариф дидор ва дар бораи мавзӯоти муҳимме гуфтугӯ кард.

 Вазирони умури хориҷаи Эрон ва Русия ҳамчунин мувофиқатномаи таъсис ва чаҳорчӯби фаъолияти марокизи фарҳангӣ байни Ҷумҳурии Исломии Эрон ва Русияро имзо карданд. 

 Сафари вазири хориҷаи Русия ба Теҳрон дар заминаҳои мухталиф дидоре бисёр муҳим аст.

Сафири Эрон дар Русия Козим Ҷалолӣ дар бораи аҳамияти ин сафар бо ишора ба ин ки дар сатҳи раҳбарони ду кишвар паёмҳои бисёр хубе мубодила шуда, муътақид аст; сафари Лавров дар ин мақтаи замоне, ки Мақоми муъаззами раҳбарӣ номае муҳим барои Раиси ҷумҳурии Русия Путин навиштанду посухе ҳам, ки Путин ба номаи Раҳбари азимушаън доданд ва ин номаҳо ҳовии нукоти ҳамкории бисёр хубе буд метавонад ба навъе оғоз бар амалиётӣ шудани  хостаҳои Мақоми муъаззами раҳбарӣ ва ҳам Путин дар ин номаҳо бошад.

Муносибатҳои Эрон ва Русия бо сабаби тавонмандиҳои назаррас дар ҷанбаҳои иқтисодӣ ва гео-стратегӣ муносибатҳои стратегӣ ба ҳисоб мераванд. Ду кишвар инчунин дар таъмини амният ва таҳкими конвергенсияи дифоъ дар баробари таҳдидҳои умумӣ нақши муассир доранд. Дар ҳоле , ки иқтидорҳои мавҷуда дар ҳавзаи баҳри Каспий; Маҷмааи Авруосиё ва Долони Байналмилалии Шимол-Ҷануб; Ин аҳамияти равобити Эрону Русияро дучанд кард.

Мувофиқи ин ҷузъҳо; Дар дурнамои муносибатҳои Эрону Русия се масъалаи марказӣ ва стратегӣ мавҷуданд:

Мавзӯи аввал; Ташаккули заминаи муносибатҳои дарозмуддат дар шакли блокҳои қавии сиёсӣ-иқтисодӣ ва амният.Ин сатҳи равобит бо Чин низ барқарор шудааст.

Мавзӯи дуюм тақвияти сиёсати бисёрҷониба мебошад.

Таҳдидоту чолишҳои муштараки Эрону Русия дар арсаи минтақавӣ ва байналмилалӣ ,лузуми ҳамгаройӣ барои ҳалли мушкилот ва рӯёрӯӣ бо сиёсатҳои якҷониба Вашингтонро дучандон кардааст. 

Мудири иҷроии институти ҳамгаройӣ Авруосиё Владимир Юсеф мегӯяд : Эрон ва Русия зери шадидтарин таҳримҳои Амрико қарор доранд, чун намехоҳанд таслими сиёсатҳои империалистии  Вашингтон шаванд . 
  
Ин таҳлилгари аршади русӣ муътақидаст; ин амр барои Теҳрону Маскав ба маъноии сарнавишт ва манофеъи муштарак дар арсаи байналмилалӣ ва низ бузургтарин фурсат барои имзои паймонномҳ‌оест, ки тазминкунандаи иттиҳоди ду кишвар бошад. 

Мавзӯи сеюм ; роҳбурдӣ будани равобити Эрони ва Русия дар мавзӯъоти муҳими минтақавӣ назири мубориза бо тероризм ; кумак ба ҳалли буҳронҳо ва муноқишоти минтақавӣ, аз ҷумла дар Сурия ,Яман ва Афғонистон аст. 

Илова бар мавзӯъоти мавриди ишора: аҳамияти сафари Сергей Лавров ба Теҳронро мебоист дар нигоҳ ба Барҷом таҳлил ва арзёбӣ кард. 

Барҷом як тавофуқи чандҷониба бо пуштвонаи байналмилалӣ ва  мавриди таъйиди ӯроии амнияти Созмони милал аст. Сарнавишти Барҷом акнун ба як мавзӯи ҳайсиятӣ дар сатҳи байналмилалӣ табдил шудааст . Нақзи ин тавофуқ аз сӯи Амрико ба эътибори сойири имзокунандагони Барҷом, яъне Русия; Чин ва се кишвари аврупоии тарафи Барҷоми латмаи шадиди сиёсӣ дар сатҳи байналлмллӣ ворид кардааст. 

Лавров дар остонаи сафараш ба Теҳрон гуфт: Русия ба ӣн ҷамъбандӣ расидааст, ки ҳеч ҷойгузини маъқӯле барои барномаи Ҷомеъи иқдоми муштарак ( Барҷом ) вуҷуд надорад . 
  
 Дар чунин шароите сафари вазири хориҷаи Русия ба Теҳронро мебоист бо тавваҷӯҳ ба маҷмӯае аз мавзӯъот дар сатҳи ду ва чанд ҷониба ва дар чорчӯби таҳаввулоти ҷорӣ дар минтақа ва ҳамчунин шароити вижае, ки шуюъи вируси маргбори корона дар сатҳи ҷаҳонӣ эҷод кардааст; дидоре бо аҳдофи муҳим ва роҳбурдӣ арзёбӣ кард. 
  
  
  
  Бештар бихонед :

Барчасп