Пайвастани новшикани эронии “Дено” ба артиш
https://parstoday.ir/tg/news/iran-i68814-Пайвастани_новшикани_эронии_Дено_ба_артиш
Новшикани эронии “Дено” дар маросиме ба артиши Ҷумҳурии исломӣ мулҳақ шуд.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Июн 15, 2021 13:44 Asia/Dushanbe

Новшикани эронии “Дено” дар маросиме ба артиши Ҷумҳурии исломӣ мулҳақ шуд.

Новшиканҳои “Дено” ва нови минашикории “Шоҳин” бо ҳузури маҷозии раисиҷумҳур ва вазири дифои Эрон ба нерӯи дарёи артиш мулҳақ шуданд.

Новшикани “Дено” илова бар қобилияти дарёнавардии тулонӣ, тавонои ҷустуҷӯ,кашф, шиносоӣ, расад, муқобила ва дар сурати ниёз инҳидоми ҳар гуна таҳдиди ҳавоӣ, сатҳӣ ва зери сатҳиро дорад.

Нови минашикори “Шоҳин” ҳам бо тули 33 метр аз технологияҳои пешрафтаи бумӣ шуда дар радёбӣ ва хунсо кардани анвоъи минҳои дарёӣ баҳраманд аст.