Теҳрон ва 6 шаҳри дигари ҷаҳон, мизбони иҷлоси Иттиҳодияи радио ва телевизионҳои исломӣ
Даҳумин иҷлоси Маҷмаъи умумии Иттиҳоди радио ва телевизиони исломӣ таҳти унвони "Адолати расонаӣ ва озодии баён" пас аз танаффуси дусола дар Теҳрон ва шаш шаҳри мухталифи олами ислом, аз ҷумла Кобул, Бағдод, Бейрут, Ғазза, Санъо ва Истанбул ва тибқи протоколҳои саломатӣ баргузор карда мешаванд.
Ба гузориши ИРНА, Муҳаммад Алии Ануша масъули Комитети итилоърасонии иттиҳодияи радио ва телевизионҳои исломӣ гуфт: Даҳумин давраи иҷлоси маҷмаъи умумии иттиҳодияи радио ва телевизионҳои исломӣ бо унвони «Адолати расонаӣ ва озодии баён» пас аз танаффуси ду сола, ба ҷиҳати адами имкони баргузорӣ дар ҳамагирии корона, имрӯз ( сешанбе ) аз ду тариқи видеоконфаронс ва ҳузурӣ ба сурати ҳамзамон ва бо мушорикати теъдоде аз пойтахтҳои кишварҳои исломӣ, ки теъдоде аз аъзои маҷмаъ дар он ҳузур доранд, дар Теҳрон ва 6 пойтахти мухталиф аз ҷаҳони ислом шомили Кобул, Бағдод, Бейрут, Ғазза, Санъо ва Истанбул ва бо риояти протоколҳои беҳдоштӣ баргузор мешавад.
Масъули Комитети итилоърасонӣ ин иттиҳодия хотирнишон кард: Аъзои мунтасаб ба иттиҳодия, ки то пеш аз ин давра теъдодашон ба 228 узв расида; аз 33 кишвар, бо беш аз 22 забон, аз 130 шабакаи моҳвораӣ, 53 радиои фаъол, 32 муассисаи тавлидӣ ва расонаӣ, 4 муассисаи фазои маҷозӣ ва 9 хабаргузорӣ дар ин давра ҳузур доранд.
Анӯша афзуд: Баргузории давраи кунунии маҷмаъи умумӣ дар ҳоле сурат мегирад, ки Амрико ин иттиҳодияро таҳрим намуда ва бархе аз сайтҳои вобаста ба шабакаҳои узвро ба далоили воҳӣ масдуд намудааст.
Нишасти давраии Маҷмаъи умумӣ дар шароите баргузор мешавад, ки расонаҳо бо чолишҳои бузурге дар заминаҳои сиёсӣ, амниятӣ, иқтисодӣ мувоҷеҳ ҳастанд.
Бештар бихонед: