Раисӣ: Муносиботи Теҳрон ва Масқат баромада аз пайвандҳову иштирокоти таърихии ду миллат аст
(last modified Wed, 04 Aug 2021 15:45:29 GMT )
Август 04, 2021 20:45 Asia/Dushanbe
  • Баррасии равобити Теҳрон - Масқат дар
    Баррасии равобити Теҳрон - Масқат дар

Раиси Ҷумҳурии исломии Эрон дар дидори вазири умури хориҷаи Уммон гуфт: Муносиботи Теҳрону Масқат баромада аз иштирокоти таърихии ду миллат аст.

Сайид Иброҳими Раисӣ, Ҷумҳурии исломии Эрон бо баёни ин ки муносиботи самимонаи Эрон ва Уммон сирфан дар сатҳи равобити дуҷониба боқӣ намонда ва дар ҳамфикрӣ, ҳамкорӣ ва ҳамгароии ду кишвар дар арсаҳои байналмилал ва минтақаӣ низ намуд доштааст, афзуд: Ҳадафи Ҷумҳурии исломии Эрон тавсеаи равобит бо Уммон дар ҳамаи арсаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ аст.

Оқои Раисӣ эҳсоси самимият байни мардуми Эрон ва Уммон нисбат ба якдигарро пуштвонае барои тавсеаву таҳкими равобити ду тараф ва сармояе дар пешбурди равобити дуҷониба донист.

Раиси Ҷумҳурии исломии Эрон дар идомаи суханонаш бо ишора ба ин ки кишварҳои минтақа тавоноӣ ва қудрати кофиро барои таъмини амнияти минтақа доранд, гуфт: Ҳузури бегонагон дар минтақа ҳеч самарае ҷуз таҳдиди амният надорад.

Бадр ибни Ҳамд Албусаидӣ, вазири умури хориҷаи Уммон низ дар ин дидор бо баёни ин ки ҳомили самимонатарин табрикҳову таҳниятҳои султони Уммон барои раиси ҷумҳурии ҷадиди Эрон ҳастам, хотирнишон кард: Равобити байни Эрону Уммон ба улгӯе дар равобит миёни кишварҳои минтақа табдил шудааст ва ба ин равобити таърихӣ ва решадор ифтихор мекунем.

Вазири умури хориҷаи Уммон бо истиқбол аз мавозеи Раисӣ дар бораи тақвияти равобит бо кишварҳои ҳамсоя, аз ҷумла дар суханрони маросими танфиз гуфт: Умедворем ҳар чӣ зудтар битавонем дар Масқат аз ҳазрати олӣ истиқбол кунему идомаи сафарҳои мақомоти олирутба ба тақвияту таҳкими ҳарчӣ бештари равобити ду кишвар, ба вижа дар арсаи иқтисодӣ бианҷомад.

Бештар бихонед: