Август 21, 2021 17:41 Asia/Dushanbe
  • Намояндаи Русия дар созмонҳои байналмилалӣ: Музокироти БарҶом дар Вена аз сар гирифта мешавад

Намояндаи Русия назди созмонҳои байналмилалии мустақар дар Вена дар вокуниш ба иддаои як мақоми амрикоӣ дар бораи БарҶом гуфт, музокирот дар бораи ин тавофуқи ҳастаӣ дар пойтахти Австрия ба зуддӣ аз сар гирифта мешавад.

Ба гузориши хабаргузории Форс, Михаил Улянов, намояндаи Русия назди созмонҳои байналмилалии мустақар дар Вена дар вокуниш ба иддаои Роберт Мали, намояндаи вижаи Амрико дар умури Эрон дар “Твиттер” навишт, гуфтугӯҳои Вена барои эҳёи БарҶом ба зуддӣ аз сар гирифта мешаванд ва тарафҳои ин тавофуқи ҳастаӣ бояд мавонеъи боқимондаро бартараф кунанд.

Аммо намояндаи вижаи Амрико дар умури Эрон бомдоди ҷумъа дар мусоҳибае бо нашрияи "Политико" зимни такрори иддаоиҳои зиддиэронии Амрико муддаӣ шуда буд, сарнавишти БарҶом бо як аломати саволи бузург рӯбарӯ аст.

То кунун шаш даври музокира бо ҳадафи бозгашти Амрико ба БарҶом дар шаҳри Вена бо ҳузури кишварҳои боқимонда дар ин тавофуқ ба анҷом расидааст.

Теҳрон дар ин иртибот эълом кардааст, ки лағви тамомии таҳримҳои якҷониба ва ғайриқонӯнии Вашингтон ва ростиозмоии онҳо шарти расидан ба тавофуқе дар ин росто хоҳад буд.

 

Бештар бихонед:

 

Барчасп