Оғози нишасти Шӯрои ҳуккоми ожонс дар Вена ва гузориши Гросси аз сафар ба Эрон
(last modified Tue, 14 Sep 2021 10:08:22 GMT )
Сентябр 14, 2021 15:08 Asia/Dushanbe

Рофаэл Гросси, мудири кулли Ожонси байналмилалии энержии атомӣ дар нишасти имрӯз аз сафари худ ба Эрон ва дидор бо мақомоти олирутбаи Эрон хабар дод.

Эрон яке аз мавзӯоти нишасти фаслии Шӯрои ҳуккоми Ожонси байналмилалии энержии атомӣ аст ва мудири кулли ожонс дар баёнияи муқаддамотии худ таъкид кард, бори дигар тавонистем фаъолияти ростиозмоии зарурии ожонсро дар ҷиҳати суди ҳамагон тақвият кунем.

Ба гуфтаи Гросси, Ожонси байналмилалии энержии атомӣ ва Эрон бар рӯи системае тавофуқ кардаанд, ки маҳдудиятҳои худро дорад, аммо имкони истимрори иттилоотро ба ожонс медиҳад.