Баргузории маросими азодории солрӯзи шаҳодати Имом Ризо ( ъ ) бо ҳузури Раҳбари муъаззами инқилоби исломӣ
(last modified Thu, 07 Oct 2021 08:39:00 GMT )
Октябр 07, 2021 13:39 Asia/Dushanbe
  • Баргузории маросими азодории солрӯзи шаҳодати Имом Ризо ( ъ ) бо ҳузури Раҳбари муъаззами инқилоби исломӣ

Маросими азодории солрӯзи шаҳодати ҳазрати Имом Ризо, имоми ҳаштуми шиъёни ҷаҳон дар ҳусайнияи Имом Хумайнӣ ( раҳ ) бо ҳузури ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ-Раҳбари инқилоби исломӣ баргузор шуд.

Ба гузориши пойгоҳи иттилоърасонии дафтари Раҳбари муъаззами инқилоби исломӣ, ҳуҷҷатил-исломи валмуслимин Рафиъӣ дар суханоне бо истинод ба калимоту ривоёте аз ҳазрати Имом Ризо алайҳс-салом дар бораи интизороти он ҳазрат аз пайравоншон гуфт : Ақлоният ва хирадварзӣ дар умӯр, эътидол яъне ҳаракат дар тариқи вилояту парҳез аз ифроту тафрит, меҳвар қарор додани Қуръону суннат дар зиндагӣ ва иҷтимоъ ва пойбандӣ ба қавоиди шаръу анҷоми фароиз ҷузви интизороти Имом Ризо алайҳис-салом аз пайравони мактаби аҳли байтаст .
Дар ин маросим  маддоҳи аҳли байт алайҳис-салом низ ба марсиясароӣ ва зикри мусибат пардохт .
Имрӯз ( панҷшанбе ) 30 сафари соли 1443 ҳиҷрии қамарӣ баробар бо 7 октябри 2021, солрӯзи шаҳодати ҳазрати Ризо ( ъ ) имоми ҳаштуми шиъёни ҷаҳонаст .

 

Барчасп