Гиромидошти шаҳидони намози ҷумъаи Қундӯз ва Қандаҳори Афғонистон
Ёду хотираи шаҳидони намози ҷумъаи Қундӯз ва Қандаҳори Афғонистон, дар маросиме бо унвони "ҷонситон", гиромӣ дошта шуд.
Дар маросими "ҷонситон", ки бо ҳузури афғонҳои муқими Эрон ва танӣе чанд аз масъӯлони шаҳрдории Теҳрон дар фарҳангсарои Ховарон баргузор шуд, ҳозирон фарёди марг бар Амрико сар доданд.
Дар ин маросим Майсами Амрудӣ, раиси Созмони фарҳангӣ ва ҳунарии шаҳрдории Теҳрон дар суханоне бо маҳкӯмияти ҷиноёти террористии намози ҷумъаи ҳафтаи гузашта дар Қундӯз ва имрӯз дар Қандаҳор гуфт, мардуми Эрон ҳамвора собит кардаанд, ки канори мардуми мазлуми Афғонистон ҳастанду афғонҳо Эронро ватани дувуми худ донистаанд.
Вай афзуд, муддаиёни дурӯғини ҳуқуқи башар бояд ин қабил ҷиноётро маҳкӯм кунанд ва интизор меравад, ҳуккоми феълии Афғонистон амният ва ҳаддиақалҳои рифоҳро барои мардуми мазлӯми Афғонистон фароҳам кунанд.
Майсами Амрудӣ гуфт, интизор дорем давлате фарогир ва адолатгустар ва мубтанӣ бар орои ҳамаи мардуми Афғонистон, ки битавонад амнияту озодиро барои афғонҳо рақам бузанд ба зуддӣ ташкил шавад.
Пахши паёми таслияти Алиризо Зоконӣ, шаҳрдори Теҳрон, шеърхонии шоирони афғону эронӣ, суханронии шахсиятҳои фарҳангии ҳунарӣ, маддоҳӣ ва навҳасароӣ ва рӯнамоӣ аз таблои наққошии Ҳасани Рӯҳуламин ба номи "ҷони бародар", ки ба шаҳидони ҳамин ҳодиса тақдим шуда, аз дигар бахшҳои мухталифи ин маросим буд.
Ҳамлаи ҷумъаи ҳафтаи гузаштаи авомили гуруҳҳои такфирӣ ба масҷиди “Саидобод”-и вилояти Қундӯзи Афғонистон, мӯҷиби шаҳид ва захмӣ шудани ҷамъи касире аз намозгузорон дар ин масҷид шуд.
Бештар бихонед: