Сафари Гросси ба Теҳрон. Таъкид бар ҳамкориҳои Эрон ва ожонс дар ҳавзаҳои мухталиф
(last modified Mon, 22 Nov 2021 08:26:25 GMT )
Ноябр 22, 2021 13:26 Asia/Dushanbe
  • Рофаэл Гросси имрӯз ба Теҳрон сафар мекунад
    Рофаэл Гросси имрӯз ба Теҳрон сафар мекунад

Рофаэл Гросси, мудири кулли Ожонси байналмилалии энержии атомӣ имрӯз (душанбе) ба Теҳрон сафар мекунад.

Ҳадаф аз сафари мудири кулли Ожонси байналмилалии энержии атомӣ ба Теҳрон, дидор бо Муҳаммади Исломӣ, раиси Созмони энержии атомии Эрон ва баррасии вазъияти ҳамкориҳои фимобайн унвон шудааст.

Мудири кулли ожонс пеш аз ин низ бо ҳадафи тақвияти ҳамкориҳо миёни Эрон ва ожонс дар ҳавзаҳои мухталиф ва баҳс дар хусуси мавзӯоти фаннӣ ба Теҳрон сафар кардааст. Ин сафарҳо ва дидорҳо дар идомаи ҳамкориҳо ва ҳамчунин расидагӣ ба мавзӯоти фимобайн дар фазое созанда ва мунҳасиран фаннӣ аҳамият дорад.

Бар ҳамин асос Эрон ва ожонс таъкид доранд, ки дидорҳои мутақобилро дар сутуҳи муртабит идома диҳанд.

Мабнои ҳамкориҳои Эрон ва ожонс сирфан бар асоси тааҳҳудоти подмонӣ (назорату бозрасӣ аз маводу муассисоти ҳастаӣ ба манзури итминон аз корбурди сулҳомези онҳо) аст. Барои Эрон муҳим аст, ки Ожонси байналмилалии энержии атомӣ бар мабнои се асли бетарафӣ, истиқлол ва ҳирфаигароӣ ҳаракат кунад ва дар масоили подмонӣ низ фаротар аз усули стандарту арзёбиҳо ва додаҳои мустақили худ амал накунад.

Рофаэл Гросси ахиран гузорише дар бораи фаъолиятҳои ҳастаии Эрон мунташир кард, ки омехта бо порае иддаоҳои ғайривоқеӣ буд. Интишори чунин гузоришҳое бо тавваҷуҳ ба собиқаи таъсирпазирии ожонс аз фишорҳои сиёсӣ мавзуи ҷадидӣ нест. Ожонс пеш аз ин низ дар бархе гузоришҳои худ аз равияи фаннӣ фосила гирифт ва ҷанбаҳое аз сиёсикориро ба фаъолиятҳои ожонс афзуд, ки муғойир бо асли мустақил будани ожонс аст.

Акнун ҳам Амрико бо истифодаи абзорӣ аз ожонс, дар остонаи музокирот дар Вена барои лағви таҳримҳо, дар садади эъмоли фишорҳои бештаре аст то шояд ба гумони худ битавонад Эронро водор ба даст бардоштан аз мавозеи усулии худ барои лағви таҳримҳо кунад. Иёлоти Муттаҳида дар ин ҷиҳат борҳо саъй кардааст, ки аз мавзуи таҳқиқоти Ожонси байналмилалии энержии атомӣ дар бораи Эрон барои беэътибор кардани БарҶом ва тавҷеҳи сиёсати фишори ҳаддиаксарии худ истифодаи абзорӣ кунад, аммо муваффақ нашудааст.

Эрон ҳамвора аз ҳамроҳтарин аъзои ожонс будаву бештарин ҳамкориро бо ин ниҳод барои шаффофсозӣ дар хусуси фаъолиятҳои сулҳомези ҳастаии худ доштааст. Дар ҳоле ки яке аз аҳдофи Амрико эҷоди беэътимодӣ байни Эрон ва ожонс аст. Аз ин рӯ, масире, ки Эрон ҳамвора ба ожонс тавсия карда, ҳамкорӣ дар бистари фаннӣ ва ҳирфаӣ аст.

Бо тавваҷуҳ ба ин мулоҳизот, дар таҳлили аҳдофи сафари Гросси ба Теҳрон ду нукта қобили тавваҷуҳ ба назар мерасад: Нахуст он ки ожонс бо тавваҷуҳ ба мавозеи Эрон дар қиболи БарҶом ва тавофуқоте, ки дар сафари қаблии Гросси ба Теҳрон ҳосил шуд, ба ин ҷамъбандӣ расидааст, ки Эрон ҳозир ба кӯтоҳ омадан аз ҳуқуқи хеш нест ва дар ин миён кишварҳое чун Чину Русия низ бар ҳаққонияти мутолибаи Эрон аз БарҶом таъкид кардаанд.

Келсей Давенпорт, мудири сиёсатгузории манъи густариши ҷангафзори ҳастаии Анҷумани контроли силоҳи Вашингтон муътақид аст, пойбандии Эрон ба тааҳҳудоти подмонӣ ба талоши давлатҳо барои муқовимат дар баробари фишорҳои Иёлоти Муттаҳида барои иҷрои таҳримҳои Созмони Милал кумак кардааст.

Нуктаи дувум: Таъкиди Эрон бар ҳамкориҳои матаориф бо ожонс дар масоили фаннӣ аст. Ҳарчанд, ки дар ин замина интиқодҳое аз ҷониби Эрон нисбат ба амалкарди ожонс вуҷуд дорад.

Аз ин рӯ, дар таҳлили ниҳоӣ метавон гуфт, сафари Гросси ба Теҳрон як ҳадафи муҳим ва калидӣ дорад ва он таъкид бар лузуми поён додан ба рафторҳои сиёсӣ ва ғайриусулӣ ва ифои нақши муассиру бетарафонаи ожонс дар қиболи ҳуқуқи машруи Эрон дар фаъолиятҳои ҳастаии сулҳомез аст.

 

Бештар бихонед:

 

Барчасп