Раҳбари муаззами инқилоб : Лузуми эҷоди як нақшаи роҳбурдӣ барои маҷмӯи саноъати Эрон ( иҷмолӣ )
(last modified Sun, 30 Jan 2022 09:04:31 GMT )
Январ 30, 2022 14:04 Asia/Dushanbe
  • Раҳбари муаззами инқилоб : Лузуми эҷоди як нақшаи роҳбурдӣ барои маҷмӯи саноъати Эрон ( иҷмолӣ )

Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ бар лузуми эҷоди як нақшаи роҳбурдӣ барои маҷмӯи саноъати Эрон таъкид карданд .

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз дафтари ҳифзу нашри осори ҳазрати оятуллоҳи Хоманаӣ, Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ ( якшанбе ) дар дидори тавлидкунандагону фаъолони иқтисодии Эрон тасреҳ карданд : Яке аз муҳимтарин фоидаҳои ин ҷаласа ин аст, ки масъулини кишвар аз забони фаъолони иқтисодӣ мушкилоту мавонеъи роҳро бидуни восита бишнаванд .

Ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ афзуданд : Ду кори аслӣ бар уҳдаи масъулин аст : аввал: масаълаи эҷоди як нақшаи роҳбурдӣ барои маҷмӯи саноъати кишвар ва ба хусус баъзе аз саноеъ ; дувум: мудирияти мутамарказ, мудирияту ҳидоят.
Ишон таъкид карданд : Ман бо дахолати масъулини давлату дастгоҳҳои давлатӣ дар фаъолиятҳои иқтисодӣ мувофиқ нестам, аммо бо ҳидоят, назорат ва кумакашон мувофиқам . Ин кор бояд ҳатман анҷом бигирад.

Хабар такмил мешавад . . .

 

Барчасп