Ба даъвати расмии амири Қатар; раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон Душанбе ба Давҳа сафар мекунад
(last modified 2022-02-19T05:01:16+00:00 )
Феврал 19, 2022 10:01 Asia/Dushanbe
  • Ба даъвати расмии амири Қатар; раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон Душанбе ба Давҳа сафар мекунад

Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон ба даъвати расмии амири Қатар, Душанбе (2 феврал) ба Давҳа хоҳад рафт.

Маросими истиқболи расмӣ аз Саидиброҳими Раисӣ, раиси Ҷумҳурии Исломии Эрону ҳайати ҳамроҳ аз сӯи Тамим бин Ҳамад Оли Сонӣ, амири Қатар дар Девони амирӣ, гуфтугӯ бо амири Қатар ва музокироти ҳайатҳои олии ду кишвар, имзои чанд қарордод ва тафоҳумномаи ҳамкорӣ аз барномаҳои рӯзи нахусти сафари ҳайати олирутбаи Эрон ба Қатар эълом шудааст.

Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон ҳамчунин дар ҷамъи эрониёни муқими Қатар ҳузур меёбад ва нишасте низ бо тоҷирони қатарӣ ва эронӣ хоҳад дошт.

Раисӣ дар дувумин рӯзи сафар ба Қатар дар шашумин иҷлоси сарони Маҷмаи кишварҳои содиркунандаи газ ширкат ва суханронӣ хоҳад кард.

Дар ин иҷлос сарону мақомоти аршади кишварҳои содиркунандаи газ ҳузур доранд ва теъдоде аз онҳо дар ҳошияи иҷлос бо раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон дидору гуфтугӯ хоҳанд кард.

Бештар бихонед:

 

Барчасп