Имоми ҷумъаи Теҳрон: Стандартҳои дугонаи ҳуқуқи башар оғозе бар поёни қудрати Ғарб аст
(last modified Fri, 18 Mar 2022 11:53:29 GMT )
Март 18, 2022 16:53 Asia/Dushanbe
  • Имоми ҷумъаи Теҳрон: Стандартҳои дугонаи ҳуқуқи башар оғозе бар поёни қудрати Ғарб аст

Имоми ҷумъаи муваққати Теҳрон бо ишора ба иқдоми саркӯбгаронаи режими оли Сауд дар эъдоми ҷамъии даҳҳо ҷавон дар Арабистон, стандартҳои дугонаи ҳуқуқи башарро оғозе бар поёни қудрати Ғарб ва фурӯпошии низоми султа донист.

Ҳуҷҷатулислом валмуслимин Сайидмуҳаммадҳасани Абутуробифард дар хутбаҳои ибодӣ - сиёсии намози ҷумъаи ин ҳафтаи Теҳрон гуфт, ин рӯзҳо барои ҳимоят аз ҷинояти режими Арабисто,н нахуствазири Англия ба он кишвар сафар кард. Воқеан бояд аз ин нигоҳҳои дугона чӣ кунем?

Ҳуҷҷатулислом валмуслимин Абутуробифард афзуд: Агар шумо воқеан барои ҳуқуқи башар нигарон ҳастед, чаро билофосила пас аз ин ҷинояти ҳавлнок ба ин кишвар сафар мекунед то бо эъломи ҳимояти хеш нигаронии ӯро бартараф кунед.

Хатиби муваққати намози ҷумъаи Теҳрон бо баёни ин ки ин стандартҳои дугонаи ҳуқуқи башар оғозе бар поёни қудрати Ғарб ва фурӯпошии низоми султа аст, гуфт: Ин иқдомҳо муғойир бо мабонии аввалияи ҳуқуқи башар ва иқдомоти асри ҷоҳилият аст, чунин иқдомҳо дар муғойират бо ҳуқуқи байналмилал иқдоме муғойир бо усули инсонӣ ва равияҳои ҳуқуқии пазируфташуда дар сатҳи ҷаҳон аст.

Имоми ҷумъаи муваққати Теҳрон ҳамчунин бо ишора ба ҳамлаи мушакии Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ ба пойгоҳи режими саҳюнистӣ дар Эрбили Ироқ изҳор дошт: Риҷоли сиёсии Тел-Авив ба ҳушдори ҷиддии бархе аз риҷоли сиёсӣ тавваҷуҳ кунанд, ки ҳушдори Эронро набояд дастикам гирифт. Ҳушдори Эрон баромада аз ақлоният ва қудрат аст.

Имоми ҷумъаи муваққати Теҳрон гуфт, режими саҳюнистӣ агар заррае аз ҳудуди хеш поро фаротар ниҳад, бо хашму қаҳри қаҳрамонони уммати Ислом ва нерӯҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии исломии Эрон рӯ ба рӯ мешавад.

 

Барчасп