Дидор ва ройзании Хазъалӣ бо мудири иҷроии бахши занони СММ дар Ню-Йорк
(last modified 2022-03-19T09:01:10+00:00 )
Март 19, 2022 14:01 Asia/Dushanbe
  • Дидор ва ройзании Хазъалӣ бо мудири иҷроии бахши занони СММ дар Ню-Йорк

Муовини раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон дар умури занон ва хонавода, дар ҳошияи 66-умин нишасти камиссиони мақоми зан дар мақари Созмони Милали Муттаҳид дар Ню-Йорк бо мудири иҷроии бахши занони Созмони милал дидору гуфтугу кард.

Инсия Хазъалӣ бо Симо Баҳус (Sima Behouth), мудири иҷроии бахши занони Созмони милал дар Ню-Йорк дидор кард ва дар ин дидор хадамоти Эрон ба паноҳҷӯён ва занони бозмонда аз таҳсили Афғонистон, барномаҳои тавонмандсозии иқтисодии бонувон дар сатҳи миллӣ ва дар иттиҳодияи кишварҳои ҳошияи Уқёнуси Ҳинд ва созу корҳои ҳифзи амнияти занон дар муҳити кор баррасӣ шуд.

Инсия Хазъалӣ ҳамчунин, дар нишаст бо Манти Травали, вазири умури ҷинсият ва кӯдакон  Sierra Leone дидору гуфтугӯ кард.

Муовини раисиҷумҳур дар ин дидор ба дастовардҳои Ҷумҳурии Исломии Эрон дар решакан кардани бесаводӣ, вуруди ҳудудан 60 дарсадии хонумҳо ба донишгоҳҳо, иштиғол ба кори 95 дарсадии бонувони мутахассис, занон ва зоймон, коҳиши нархи маргу мири модарону навзодон, афзоиши сини умед ба зиндагӣ то ҳудӯди 80 сол дар миёни бонувон, коҳиши теъдоди кӯдакони бозмонда аз таҳсил ва омодагии кишвар барои пазириши донишҷӯёни байналмилалӣ ишора карданд.

66-умин давр аз нишастҳои солиёнаи Камиссиони мақоми зан баъд аз ду соли вақфа ба далели шуюи карона аз рӯзи душанбе 14 март, дар мақари Созмони Милали Муттаҳид дар Ню-Йорк баргузор шудааст.

Ин нишаст, ки то 25 идома хоҳад дошт, бо ҳузури раҳбарону мақомоти олирутбаи ҳавзаи занони кишварҳо баргузор шудааст.