Таҳкими равобити Теҳрон ва Кобул, меҳвари дидори Карзай бо сафири Эрон дар Афғонистон
(last modified Thu, 19 May 2022 07:35:18 GMT )
Май 19, 2022 12:35 Asia/Dushanbe

Сафири Эрон дар Афғонистон бар таҳкими равобит миёни дукишвар таъкид кард.

Ба гузориши Садои Хуросон, Баҳодури Аминиён сафири Эрон дар Кобул дар дидор бо Ҳомид Карзай раиси ҷумҳӯри пешини Афғонистон дар бораи масоъили ҷории ин кишвар ва минтақа табодули назар кард. Карзай бо ишора ба равобити муштарака таърихи ва деринаи Эрон ва Афғонистон бар густариши ҳар чӣ бештари равобити Теҳрон- Кобул таъкид кард ва аз ҳамкории ҷумҳӯрии исломии Эрон бо мардуми Афғонитон қадрдони кард.

Ҷумҳӯрии исломии Эрон борҳо бар ташкили давлати фарогир дар Афғонистон таъкид ва эъломи кардааст аз мушорикат ва ҳузӯри тамоми аҳзоб ва гурӯҳҳои сиёсӣ дар давлати ояндаи Афғонистон истиқбол мекунад.

Бештар бихонед:

 

Барчасп