Вазорати иттилоъоти Эрон хабар дод: Дастгирии аъзои як шабакаи террористӣ дар шимоли ғарбии Эрон
(last modified Wed, 13 Jul 2022 14:54:20 GMT )
Июл 13, 2022 19:54 Asia/Dushanbe
  • Вазорати иттилоъоти Эрон хабар дод: Дастгирии аъзои як шабакаи террористӣ дар шимоли ғарбии Эрон
    Вазорати иттилоъоти Эрон хабар дод: Дастгирии аъзои як шабакаи террористӣ дар шимоли ғарбии Эрон

Вазорати иттилоъоти Эрон аз шиносоӣ ва дастгирии аъзои як шабакаи террористии вобаста ба ашрори таҷзияталаб дар шимоли ғарбии Эрон хабар дод.

Ба гузориши ИРНА, бо ҳушёрии маъмурони амниятӣ ва ҳимоят ва ҳамкории қароргоҳи Ҳамзаи Сайидушуҳадо(а) ва додгустарии устони Озарбойҷони ғарби, шимоли ғарби Эрон ҳамаи аъзои як шабакаи террористии вобаста ба ашрори таҷзияталаб дар шимоли ғарби Эрон шиносоӣ ва дастгир шуданд.

Бар асоси ин гузориш шабакаи 10 нафараи террористӣ дар қолаби чанд ҳастаӣ ҳамоҳанг ва ҳампушон, маъмуриятҳои мутанавеъ ва чандгонаи тахриб, инфиҷор, ҳамла ба марказҳо ва таъсисони ҳаётӣ ва иқтисодии Эрон бо эҷоди роҳбандони ҷодаи ва зургири аз мардум ва ба махсусан аз корофаринони муваффақи маҳаллиро дар дастури кори худ доштанд.

Аъзои ин шабака, ки ба пуштивонии истиқрори марказияти ашрори террорист дар минтақаи Курдистони Ироқ аз тариқи минтақаҳои марзии Озарбойҷони ғарби дарҳоли вуруд буданд дар рӯзҳои гузашта бо силсила амалиёти ҳушмандонаи нерӯҳои амниятӣ муваҷаҳ шуд ва зимни боздошти ҳар даҳ нафар ҳамаи таҷҳизоти пешрафтаи фанни ва иртиботии ҳастаҳо ва маҳмулаи ҷанги ва муҳимоти марбутаи ҳамроҳи онҳо забт шуд.

Вазорати иттилоъоти Эрон бо қадрдонӣ аз ҳимоятҳо ва ҳамкории қароргоҳи Ҳамзаи Сайидушуҳадо(а) ва додгустарии устони Озарбойҷони ғарби эълом кард, ҳифзи амнияти миллати Эрон хати сурх аст ва пеш аз ин борҳо ба масъулони минтақаи Курдистони Ироқ тазакур дода ва муҷададан шудор медиҳад то нисбат ба тахлия ва рафту омади муздурони террорист, ашрор ва душманони амният ва оромиши мардум аз он минтақа, иқдоми муқтазиро ба амал оваранд.