Маросими Шоми ғарибон
(last modified Tue, 09 Aug 2022 03:45:24 GMT )
Август 09, 2022 08:45 Asia/Dushanbe
  • Маросими Шоми ғарибон

Шоми ғарибон , дар адабиёт ва марсияҳои форсзабон ба ғурӯби офтоби рӯзи Ошуро ва сугвории ин шаб гуфта мешавад.

Навҳаҳои ин маросим ёдоварии оворагии аҳли байти Имом Ҳусейн (а) ва асирону кӯдакони бозмонда аз воқеъаи Карбало аст, ки дар ғурӯби Ошуро, бепаноҳ дар торикии шаб, дар биёбони Карбало ба сар мебурданд. Баъзе русуми хос, монанди равшан кардани шамъ  дар торикӣ, боиси тафовути азодории ин шаб бо дигар шабҳои Муҳарам мешавад.