Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ: Мардум дар ҳамаи ҳаводис ва рӯйдодҳо "қаҳрамони аслии саргузашти инқилоб" будаанд
(last modified 2022-08-30T11:25:02+00:00 )
Август 30, 2022 16:25 Asia/Dushanbe
  • Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ: Мардум дар ҳамаи ҳаводис ва рӯйдодҳо

Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ фармуданд: Мардум дар ҳамаи ҳаводис ва рӯйдодҳо "қаҳрамони аслии саргузашти инқилоб" будаанд ва ин воқеият, мояи дарс ва ибрат аст ва ба ҳамаи масъулон нишон медиҳад, ки бо ин миллат бояд чигуна рафтор кард.

Ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ, раҳбари муаззами инқилоби исломб рӯзи сешанбе дар дидори раисиҷумҳур ва аъзои ҳайати давлат бо ташреҳи тавфиқоти як солаи давлат, дар баёни тавсияҳои муҳим, аз ҷумла дар бораи авлавияти масаълаи иқтисод афзуданд: "барангехтагии умумии миллат дар даврони инқилоб" ,  ҳайрати истикбор дар муқобили азамати инқилоб", " душманиҳои бевақфаи зӯргӯёни ҷаҳонӣ"," бе дифо будани кишвару пойтахт дар муқобили ҳамалоти ҳавоии Саддом","ҷавлон додан террористҳо дар саросари кишвар ва ноамнии солҳои аввали инқилоб" , "амалкарди давлатҳо ва маҷолиси мухталиф пас аз инқилоб" , "ҳузури таъйинкунандаи миллат дар ҳамосаи дифои муқаддас ва дигар ҷабҳаҳои муқобила бо душманон ва ҳузури бедареғу таҳсинбарангези мардум дар роҳпаймоиҳо ва маросимҳои мухталиф, аз ҷумлаи масоиле аст, ки ёди онҳо бояд доим дар зеҳни ҷомеъа зинда бошад.

Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ зинда кардани умеду эътимоди мардумро муҳимтарин тавфиқ давлат донистанд ва афзуданд, мардум мебинанд, ки давлат дар васати майдон ва машғӯли кору талош барои ҳали мушкилоту хизматрасонӣ ба онҳо аст ва ин воқеият, умед ва эътимоди умумиро то ҳадди зиёде эҳё кардааст, албатта ин талошҳо дар бархе заминаҳо ба натиҷа расида ва дар баъзе заминаҳо низ ҳануз ба натоиҷи лозим нарасидааст.

Ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ, "хориҷ кардани ҷомеъа аз чашминтизорӣ барои тасмимгирӣ ва иқдоми дигарон" , "парҳез аз шартӣ кардани кишвар" ва " аҳамият додан ба зарфиятҳои дохилӣ"-ро аз муваффақиятҳои қувваи муҷрия хонданд. Эшон давлати сездаҳумро "масъӯлиятпазир" донистанд ва гуфтанд: "рӯйкардҳои хуб дар заминаи сиёсати хориҷӣ ва фарҳанг" ва "барҷаста кардани шиорҳои инқилоб, аз ҷумла адолати талабӣ, ҳимоят аз мустазъафон, парҳез аз ашрофигарӣ ва истикборситезӣ" аз нуқоти барҷастаи давлат аст.

Ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ бо таъкид бар "сохти петрополоишгоҳҳо", " такмили занҷираи арзиши афзӯда дар саноати маъданӣ ва ҷилавгирӣ аз хомфурӯшӣ" ,"такмили масирҳои ҳаётии шимол – ҷануб ва шарқ ба ғарб барои афзоиши зарфияти ҳамлу нақли байналмилалӣ ва ҳамчунин масирҳои иртиботӣ ва ҳамлу нақли дохилӣ" ва "тавсеаи истифода аз зарфияти бебадили дарё" хотирнишон карданд: Нагузоред зарфиятҳои табиӣ ва инсонии азими мавҷӯд дар кишвар ҳарз биравад.

 

Барчасп