Сентябр 20, 2022 10:52 Asia/Dushanbe

Сафир Африқои ҷанубӣ дар Эрон таъкид кард: Теҳрон ва Пуртурия 23 тавофуқнома имзо кардаанд, ки 18 мавриди он амалиёти шудааст.

Нишасти баррасии фурсатҳои тиҷории Эрон ва қораи Африқо, рӯзи душанбе бо ҳузӯри  Сайид Руҳуллоҳи Латифӣ сухангуи гумрук, Бобаки Тутунчӣ раиси Бошгоҳи туҷори Эрон ва Африқо ва  Вико Хумолу сафири Африқои ҷанубӣ дар Эрон дар Теҳрон баргузор шуд.

Вико Хумолу дар ин нишаст, дар посӯх ба саволи хабарнигори  Эрон Пресс дар мавриди зарфиятҳои Эрон ва Африқои ҷанубӣ барои беҳбӯди равобити тиҷорӣ гуфт: Қарордодҳои миёни дукишвар аз омӯзиш ва  кишоварзӣ то маъданро шомил мешавад.

Сафир Африқои ҷанубӣ дар Эрон афзӯд: Сайид иброҳими Раисӣ раси Ҷумҳӯри Эрон қарор аст соли  оянда 2023 ба Африқои ҷанубӣ сафар кунад, ки ин сафар бархе аз мавонеъи беҳбӯди равобити тиҷории миёни дукишварро бартараф хоҳад кард.

Ба гуфтаи Хумолу: Бо вуҷӯди мушкилоти ноши аз таҳримҳои Амрико, бахши хусусии Эрон моил ба сармоягузории бештар дар Африқои ҷанубӣ ва афзоиши тиҷорат аст.

Сафири Африқои ҷанубӣ дар Эрон ҳамчунин гуфт:  мубодилоти тиҷори байни кишварҳо байни 30 то 50 миллион доллар дар моҳ тахмин зада мешавад ва ин натанҳо шомили маводи аввалия, балки маҳсулоти ниҳоӣ низ мешавад.

 

 

Барчасп