Нишасти ғайриошкори Шӯрои Амният дар паи фазосозии Амрико дар бораи иддаои паҳподӣ алайҳи Эрон
(last modified Thu, 20 Oct 2022 05:54:18 GMT )
Октябр 20, 2022 10:54 Asia/Dushanbe
  • Нишасти ғайриошкори Шӯрои Амният дар паи фазосозии Амрико дар бораи иддаои паҳподӣ алайҳи Эрон

Шӯрои Амнияти Созмони Милал саранҷом пас аз чанд моҳ фазосозии Ғарб ба раҳбарии Амрико дар бораи иддаои ирсоли паҳподҳои эронӣ ба Русия барои бакоргирӣ дар ҷанги Украина нишасте пушти дарҳои баста баргузор кард .

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ، дар ин нишаст ки ҳамзамон бо ташдиди ҷанги Украин баргузор шуд, Амрико, Британия ва Фаронса дар тадовуми таблиғот алайҳи Ҷумҳурии исломии Эрон ва Русия ва ҳарос аз иртиботу иттиҳоди ин ду кишвар, иддаои ирсоли паҳподҳои Эрон ба Русия ва бакоргирии онҳо дар ҷанги Украинаро матраҳ карданд .
Ба гуфтаи манобеи дипломатӣ, Украина дар номае ба раиси Шӯрои Амнияти Созмони Милал ин иддаоро матраҳ кардааст .
Пеш аз ин Вазорати хориҷаи Украина дар тадовуми иддаоҳои Ғарб аз ҷумла Вашингтон дар баёнияе муддаӣ шуда буд : Арзаи силоҳ ба Русия барои ҷангафрӯзӣ алайҳи Украина иқдоми ғайридӯстона аст, ки зарбаи ҷиддӣ ба равобити Украинаву Эрон ворид мекунад .
Дар ҳамин ҳол Ҳусайни Амирабдуллоҳиён-вазири умӯри хориҷаи Эрони рӯзи чаҳоршанбе ба вақти маҳаллӣ дар тамоси телефонӣ бо  Гордан Грлич-Радман - вазири умӯри хориҷа ва аврупоии Хорватия бо ишора ба ҳаводиси ахири Украина  изҳор дошт : Мо қавиян мухолифи ҷанг ва мусаллаҳсозии ҳар як аз тарафайни ҷанг буда ва ҳастем ва ба мақомоти Украина гуфтаем чунончи санаде дар хусуси истифода аз паҳподҳои эронӣ дар ҷанги Украина вуҷуд дорад, ироа кунанд .
Корзори расонаии Амрикову Ғарб алайҳи Эрон дар ҳоле аст, ки Патрик Роидри-сухангӯи Пентагон рӯзи сешанбе ба вақти маҳаллӣ дар посух ба пурсише дар бораи гузоришҳои иддаоии бархе расонаҳои ғарбӣ мабнӣ бар ваъдаи Эрон ба Русия барои ироаи мӯшакҳои замин ба замин, ин фазосозиҳоро таъйид накард ва эълом кард ки дар ҳоли ҳозир ҳеҷ иттилоотӣ барои тайиди гузоришҳои иддаоӣ вуҷуд надорад .

 

Барчасп