Нишасти ғайриалании Шӯрои амният дар пайи фазосозии Амрико дар бораи иддаои паҳподӣ алайҳи Эрон
(last modified Fri, 21 Oct 2022 12:40:33 GMT )
Октябр 21, 2022 17:40 Asia/Dushanbe
  • Нишасти ғайриалании Шӯрои амният дар пайи фазосозии Амрико дар бораи иддаои паҳподӣ алайҳи Эрон

Шӯрои амнияти Созмони милал саранҷом пас аз чанд моҳ фазосозии Ғарб ба раҳбарии Амрико дар бораи иддаои ирсоли паҳподҳои эронӣ ба Русия барои бакоргирӣ дар ҷанги Украина нишасте пушти дарҳои баста баргузор кард.

Дар ин нишаст, ки ҳамзамон бо ташдиди ҷанги Украина баргузор шуд, Амрико, Британия ва Фаронса дар тадовуми ҷавсозӣ алайҳи Ҷумҳурии Исломии Эрон ва Русия ва ҳарос аз иртибот ва иттиҳоди ин ду кишвар, иддаои ирсоли паҳподҳои эронӣ ба Русия ва бакоргирии он дар ҷанги Украинаро матраҳ карданд.

Ба гуфтаи манобеи дипломатӣ, Украина дар номае ба раиси Шӯрои амнияти Созмони милал ин иддаоро матраҳ кардааст.

Пеш аз ин, вазорати хориҷаи Украина дар тадовуми иддаоҳои Ғарб, аз ҷумлаи Вашингтон дар баёнияе муддаӣ шуда буд, арзаи силоҳ ба Русия барои ҷангафрӯзӣ алайҳи Украина иқдоме ғайридӯстона аст, ки зарбае ҷиддӣ ба равобити Украина ва Эрон ворид мекунад.

Дар ҳамин ҳол Ҳусайн Амирабдуллоҳиён, вазири умӯри хориҷаи Эрон рӯзи чаҳоршанбе ба вақти маҳаллӣ дар тамоси телефонӣ бо Гордан Грлик Радман, вазири умури хориҷа ва Аврупои Хорватия, бо ишора ба ҳаводиси ахири Украина, изҳор дошт: Мо қавиян мухолифи ҷангу таслиҳи ҳар як аз тарафайни ҷанг буда ва ҳастем ва ба мақомоти Украина гуфтаем, чунончӣ санаде дар хусӯси истифода аз паҳподҳои эронӣ дар ҷанги Украина вуҷӯд дорад, ироа кунанд.

Корзори расонаии Амрико ва Ғарб алайҳи Эрон дар ҳоле аст, ки Патрик Райдер, сухангӯи Пентагон рӯзи сешанбе ба вақти маҳаллӣ дар посух ба пурсише дар бораи гузоришҳои иддаоии бархе расонаҳои ғарбӣ, мабни бар ваъдаи Эрон ба Русия барои ироаи мӯшакҳои замин ба замин, ин фазосозиҳоро таъйид накард ва эълом кард, ки дар ҳоли ҳозир ҳеҷ иттилооте барои таъйиди гузоришҳои иддаоӣ вуҷӯд надорад.

 

Барчасп