Размоиши иқтидор барои эҷоди амнияти пойдор дар минтақаи шимоли ғарб баргузор шуд
Муъовини ҳамоҳангкунандаи неруи заминии Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ гуфт: Размоиши иқтидори неруи заминии Сипоҳ дар ростои эҷоди амнияти пойдор дар минтақаи шимол ва ғарб ва таъмини манофеъи миллии Эрон баргузор шуд.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, генерал Алиакбар Пурҷамшедиён бо ишора ба баргузории разомиши иқтидори неруи заминии Сипоҳ дар минтақаи умумии Арас шимоли ғарби Эрон афзуд: Размоиши бузурги иқтидори неруи заминии Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ бо шиъори Эрони муқтадир, ҷузи барномаи солонаи размоишҳои ин неру аст.
Муъовини ҳамоҳангкунандаи неруи заминии Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ афзуд: Размоиши иқтидори неруи заминии Сипоҳ дар миншатақи шимоли ғарб, устонҳои Озарбойҷони шарқи ва Ардабил ҳошияи руди Арас бо паёми сулҳ ва дусти барои ҳамаи ҳамсоягон ва дустони Эрони исломӣ баргузор шуд.
Пурҷамшедиён бо ишора ба паёми размоиши иқтидори ин неру барои душманон низ таъкид кард: Паёми ин разомиш барои душманони инқилоби исломӣ ва душманони мардуми минтақа паёми иқтидор, муқовимат ва муқобила бо фитнаҳо ва душманиҳои онҳо аст. Марҳалаи аслии размоиши иқтидори неруи заминии Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ дар минтақаи умумии Арас, устонҳои Ардабил ва Озарбойҷони шарқи шимоли ғарби Эрон бо меҳварияти қароргоҳи Ошурои неруи заминии Сипоҳ 17 то 20 октиябр баргузор шуд.