Ноябр 14, 2022 14:36 Asia/Dushanbe
  • Ҳамалоти  тупхонаӣ ва мушакии Сипоҳи посдорони инқилоби иcломӣ зиддӣ террористҳои мустақар дар Курдистони Ироқ
    Ҳамалоти тупхонаӣ ва мушакии Сипоҳи посдорони инқилоби иcломӣ зиддӣ террористҳои мустақар дар Курдистони Ироқ

Дуввумин амалиёти густардаи мушакӣ ва паҳпотии нерӯӣ заминии Сипоҳи посдорони итқилоби исломӣ зиддӣ гурӯҳакҳои террористии таҷзиталаби минтақаи шимолӣ Ироқ анҷом шуд.

Ба гузориши Садои Хуросн ба нақл аз хабаргузории  Садо ва Симо, Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ имрӯз (душанбе) аз ҳамалоти тупхонаӣ ва мушакӣ ба мавозеъи гурӯҳакҳои таҷзияталаби мустақар дар минтақаи Курдистони Ироқ хабар дод.

Нерӯи заминиии Сипоҳ посдорони инқилоби исломӣ 24-уми сентябр баъд аз ихторҳои мукаррар ба гурӯҳакҳои террористии таҷзияталаб, ҳамалоти сангинеро зиддӣ мевозеъи онон анҷом дод ва эълом кард то замоне. ки таҳарукоти террористии онон мутавақиф нашавад, ҳамалоти мушакӣ ва паҳпоти идома пайдо хоҳад кард.

Ҳаштуми октябр Сипоҳи посдорони иқлоби исломӣ эълом кард: Ҳамла ба мавозеъи терроористҳо пас аз инҳидоми аҳдофи аз пеш таъин шуда, феълан мутавақиф шудааст аммо идомаи ҳамалоти мушакӣ ва паҳподӣ  мантуб ба рафтори ояндаии масъулони минтақаи Курдистони Ирок хоҳад буд.

Пеш аз ин, Сардор сартип Муҳаммад Покпур фармондеҳи нерӯи заминии Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ  бо ишора ба лузуми тасмимгирии мақомоти минтақаи Курдистони шимолии Ироқ барои ҷамъоварии басоти гурӯҳакҳои террористии зиддӣ инқилоб ва тавтиагари зиддӣ Ҷумҳӯрии Исломии Эрон таъкид кард: Амалиёти размандагони ислом то халъи силоҳи комили гурӯҳакҳои зиддӣ инқилоб ва терористии таҷзияталаби  лона карда дар минтақаи Курдистони Ироқ идома дорад.

Бештар бихонед:

 

Барчасп