Декабр 17, 2022 19:05 Asia/Dushanbe
  • Генерал Саломӣ: Дар ин солҳо борҳо душманон шикаст хӯрдаанд

Фармондеҳи кулли Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ таъкид кард, дар ин солҳо борҳо душманон шикаст хӯрдаанд, ки ҷанги низомӣ ва арсаи муқобила бо ДИИШ аз ҷумла онон будааст.

Генерал Ҳусайни Саломӣ, фармондеҳи кулли Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ гуфт, ҳамаи душманон дар дунё алайҳи миллати Эрон ба майдон омаданд, дар ин майдони фитна алайҳи Эрон ҳамаи душманон дида мешаванд, ки дар сафҳое ба ҳам фишурда дар майдон ҳозиранд.

Генерал Саломӣ имрӯз (шанбе) дар ҳамоиши иқтидор дар сояи вилоят дар ҷамъи гурдонҳои Туллоб ва Рӯҳониюни типи мустақили 83- рӯҳониюни размии таблиғии имом Содиқ (а) дар масҷиди муқаддаси Ҷамкарон бо баёни инки имрӯз ҳадафи душманон аз миён бардоштан инқилоби исломии Эрон аст ва бояд мутаваҷҷеҳ бошем шароит оддӣ нест, балки хатир ва таъйинкунандааст, тасреҳ кард, ҳамаи душманон дар дунё алайҳи миллати Эрон ба майдон омаданд ва ин ҳузури душман, равшан ва возеҳ аст.

Вай бо баёни инки дар арсаи муқобила бо Ҷумҳурии исломӣ саҳюнистҳо, Амрико, Англия ва Фаронса ва Саудӣ низ дида мешаванд гуфт, душманон нисбат ба дуруғҳое, ки мегӯянд ба бовар расиданду онони аввалин қурбонии дуруғҳои худ ҳастанд, албатта душманон қудрате кучактар аз он чизе ки нишон медиҳанд, доранд.

Генерал Саломӣ бо баёни инки имрӯз фитна ошкор аст ва ибҳоме дар он вуҷӯд надорад ва саҳна қобил ташхис аст ва ибтидо ва интиҳои он низ равшан шудааст, афзуд, имрӯз ислом заъиф нест ва дар ин солҳо борҳо душманон шикаст хӯрдаанд, ки ҷанги низомӣ ва арсаи муқобила бо ДИИШ аз ҷумлаи онон будааст.

Фармондеҳи кулли сипоҳ гуфт, имрӯз ниёзҳо ва таҷҳизоти низомиро худамон месозем, ки агар таҳрим набуд ба ин тавфиқҳо даст намеёфтем ва нерӯманд намешудем.

 

Барчасп