Баргузории маросими бузургдошти « Рӯзи басирату мисоқи уммат бо вилоят » дар саросари Эрони исломӣ
(last modified Thu, 29 Dec 2022 11:35:25 GMT )
Декабр 29, 2022 16:35 Asia/Dushanbe

Дар остонаи фаро расидани 9 дай, маросими бузургдошти « Рӯзи басирату мисоқи уммат бо вилоят » дар саросари Эрон баргузор шуд .

Нуҳуми даи соли 1388 ( 30 декабри 2009 ) ёдовари роҳпаймоии миллионии мардуми Эрон дар эъломи бароъат аз сохторшиканони ҷомеъа ва посухи қотеъ ба аносири фитнагаре буд, ки ба баҳонаи тақаллуб дар даҳумин давраи интихоботи раёсати Ҷумҳурии Эрон масири бероҳаро дар пеш гирифта буданд .
Ҳамосаи 9 дай намоди иззат, истиқлол ва басирати мардуме аст, ки то пои ҷон барои ҳифзи усӯли ислому ормонҳои инқилоб истодаанд ва бо садои расо эълом карданд агар душман дар баробари дини онҳо биистад дар баробари тамоми дунёи онҳо хоҳанд истод.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, дар остонаи фаро расидани 9 дай, маросими бузургдошти « Рӯзи басирату мисоқи уммат бо вилоят » дар саросари Эрон бо ҳузури густардаи ақшори мухталифи мардум баргузор шуд.

 

Барчасп