Амир Абдуллоҳиён: Амрикоиҳо ва ғарбиҳо дар масири пайгирии шаҳодати Сардор Сулаймонӣ санг меандозанд
(last modified 2023-01-02T08:27:29+00:00 )
Январ 02, 2023 13:27 Asia/Dushanbe
  • Ҳудуди 60 нафар аз мақомоти Амрико, ки дар терроорри фармондеҳони муқовимат нақш доштаанд, дар листи сиёҳи Эрон қарор доранд
    Ҳудуди 60 нафар аз мақомоти Амрико, ки дар терроорри фармондеҳони муқовимат нақш доштаанд, дар листи сиёҳи Эрон қарор доранд

Вазири умури хориҷаи Эрон гуфт: Амрикоиҳо ва ғарбиҳо дар масири пайгирии парвандаи ҳуқуқии шаҳодати Сардори сипаҳбуд Қосим Сулаймонӣ сангдози мекунанд.

Сардор сипаҳбуд Қосим Сулаймонӣ фармондеҳи пешини нерӯи Қудси Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ, саввуми январи 2020 дар ҳоле, ки ба даъват расмии мақомоти Ироқ ба ин кишвар сафар карда буд дар ҳамлаи ҳавоии нерӯҳои мутаҷовиз ва террористи амрикоӣ наздик ба фурӯдгоҳи Бағдод, ба ҳамроҳи Абумаҳди Ал-Муҳандис ноиби раиси басиҷи мардумии Ироқ ва 8 нафар аз ҳамроҳонашон ба шаҳодат расид.

Ба гузориши Садои Хуроосн Амир Абдуллоҳиён  вазири умури хориҷаи Эрон дар гуфтугӯи телевизиони ба муносибати  саввумин солгарди шаҳодати сардори сипаҳбуд Қосими Сулаймонӣ фармондеҳи пешини нерӯи Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ таъкид кард: Ҳудуди 60 нафар аз мақомоти Амрико, ки дар терроорри фармондеҳони муқовимат нақш доштаанд, дар листи сиёҳи Эрон қарор доранд. Вазири умури хориҷаи Эрон ҳамчунин бо баёни ин, ки оянданигари аз вижагиҳои Сардор шаҳид Сулаймонӣ буд, афзӯд: Бархе аз кишварҳо ва бархе мақотеъи ин дипламоси буд, ки сардор Сулаймониро фаро мехонд.

Бештар бихонед:

 

Барчасп