Январ 04, 2023 20:19 Asia/Dushanbe
  • Тими террористие дар Зоҳидон муталошӣ шуд
    Тими террористие дар Зоҳидон муталошӣ шуд

Фармондеҳи интизомии устони Систону Балучистони Эрон ҷузъиёти ҷадиде аз муталошӣ шудани тими террористӣ дар Зоҳидонро ташреҳ кард.

Сардор Муҳаммади Қанбарӣ, фармондеҳи интизомии устони Систону Балучистон гуфт, тими террористие ки дар Зоҳидон муталошӣ шуд, мустақиман бо маонидин (душманон) - и хориҷи кишвар дар иртибот буданду таҳти омӯзишҳои онҳо қарор доштанд ва подошҳое дарёфт мекарданд.

Ба гузориши ИРНА, сардор Қанбарӣ афзуд, аъзои ин тими зиддиамниятӣ дар тӯли ҳафтаҳои ахир чанд маврид ҳамлаи мусаллаҳона бо ҳадафи террори коркунони интизомӣ ба воҳидҳои киштии полис доштаанд ва дар идома филми иқдомоти худро дар расонаҳои душман мунташир мекарданд.

Сардор Қанбарӣ таъкид кард, дар пайи бозҷӯии ба амаломада мушаххас шуд, ин тим илова бар иқдомоте ки алайҳи гаштҳои интизомӣ анҷом медоданд, пеш аз ин муртакиби чандин мавриди сирқати мусаллаҳона ва роҳзанӣ ҳам шудаанд.

 

Барчасп