Январ 11, 2023 13:02 Asia/Dushanbe
  • Сардор Шикорчӣ, Ҷумҳӯрии Исломии Эронро низоми ҳадафманд ва ҳадафашро иҷрои адолат донист
    Сардор Шикорчӣ, Ҷумҳӯрии Исломии Эронро низоми ҳадафманд ва ҳадафашро иҷрои адолат донист

Сухангӯи арашади нерӯҳои мусалаҳи Эрон гуфт: Муҳимтарин роҳбӯрди Ҷумҳӯрии Исломии Эрон ихроҷи низомиёни Амрико аз минтақаи Ғарби Осиё аст.

Ба гузориши Садои Хуросон, Сардори сартип Абулфазли Шикорчӣ, сухангӯи аршади нерӯҳои масалаҳи Эрон шомгоҳи сешанбе дар  ёдоварии шуҳадои шаҳристони малойрии устони Ҳамадон, ғарби Эрон, бо таъкид бар ин,ки Амрико бояд минтақаи Ғарӣби Осиёро тарк кунад, афзӯд: Имрӯз  ҳайманаи Амрико шикаста шуда ва аз дидгоҳи Ҷумҳӯрии Исломии Эрон Амрико дигар қудрати ҷаҳонӣ нест. Сардор Шикорчӣ, Ҷумҳӯрии Исломии Эронро низоми ҳадафманд ва ҳадафашро иҷрои адолат донист, тасреҳ кард: Ин низом ва инқилоби исломӣ душманони зиёде дорад аммо миллати Э рон бо худбовари  ва истидагӣ дар баробари душманон ба пешрафтҳои худ идома медиҳад. Сухангуи аршади нерӯҳои мусалаҳи Эрон қудрат ва пирузии имрӯзро дар сояи итоаът аз Раҳбарӣ ва сабр дар баробари мушкилот донист ва бо баёни ин, ки Ҷумҳӯрии Исломии Эрон имрӯз ба унвони қудрати ҷаҳонӣ дар саҳна аст, афзӯд: Душманон гумон карданд бо фитнаи ахир кори Ҷумҳӯрии Исломии Эрон  тамом аст, онҳо хуб медонистанд, ки ваҷҳи тамоизи Ҷусмҳӯрии Исломии Эрон бо соири кишварҳои дунё, навъи ҳукумате аст, ки Раҳбари он дунболи қудрат талаби нест.

Барчасп