Март 16, 2024 10:22 Asia/Dushanbe
  • Даргирӣ бо ашрори мусаллаҳ ва шаҳодати як нафар аз маъмурони интизомии Эрон дар Саровон

Фармондеҳи интизомии устони Систон ва Балучистон дар ҷанубу шарқи Эрон аз шаҳодати як нафар аз коркунони интизомӣ дар шаҳристони Саровони ин устон дар даргирӣ бо ашрори мусаллаҳ хабар дод.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, сардор Дӯсталии Ҷалилиён дирӯз (ҷумъа) эълом кард, сарнишинони як худрав ба самти маъмурони калонтарии 14 Оспеч дар ҳафт километрии Саровон шиллик карданд, ки бо иқдоми муқобила ба мисл ва оташи пурҳаҷми маъмурон рубару шуданд.

 Дар ин даргирӣ як нафар аз коркунони интизомии Эрон ба шаҳодат расид ва ду нафар дигар захмӣ шуданд.

 Ду рӯз пеш низ як неруи амниятӣ дар даргирӣ бо ашрори мусаллаҳ дар шаҳристони Ҷозимурён дар устони Кирмон ба шаҳодат расид.

 Баъд аз пирӯзии Инқилоби исломӣ, фаъолиятҳои мухталифе барои барандозӣ ва муқобила бо Ҷумҳурии Исломии Эрон аз сӯи Амрико, режими саҳюнистӣ ва муттаҳидони минтақаии онон сурат гирифтааст.

Дар солҳои ахир низ бо шикасти фишори ҳаддиаксарии таҳримҳои Амрико, фишори ҳаддиаксарии амниятӣ зидди Эрон шакл гирифт ва дар ин таҳаррукот байни Исроил, Амрико ва Англия ҳамкориҳои густурдае ҷараён дорад.

 

 

Барчасп