Таъкиди Амирабдуллоҳиён бар омодагии Ҳилоли Аҳмари Эрон барои кумак ба зилзилазадагони Туркия
Ҳусайни Амирабдуллоҳиён-вазири умӯри хориҷаи Эрон дар гуфтугуи телефонӣ бо Мавлуд Човуш уғлу-вазири умӯри хориҷаи Туркия бар омодагии Ҳилоли Аҳмари Эрон барои кумак ба зилзилазадагони он кишвар таъкид кард .
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Ҳусайни Амирабдуллоҳиён душанбешаб дар ин гуфтугуи телефонӣ афзуд : Бар асоси дастуроти раиси ҷумҳурии Эрон, созмони Ҳилоли Аҳмари Ҷумҳурии исломии Эрон барои ироаи кумакҳои лозим ба зилзилазадагон омодагӣ дорад .
Вай гуфт : Дар ҳамин росто шомгоҳи душанбе тими пизишкӣ ва имдодии Ҳилоли Аҳмари Эрон барои кумак ба наҷоти осебдидагон вориди Туркия шуданд .
Амирабдуллоҳиён бо баёни инки хабари ҳодисаи талхи зилзила дар ҷануби Туркия инҷониб ва давлату миллати Эронро бисёр мутаъассир ва муталлим кард, ба давлату миллати Туркия бавижа хонаводаҳои мусибатдида таслият гуфт .
Вазири умӯри хориҷаи Туркия низ дар ин гуфтугу бо ташреҳи вазъияту хисороти аввалияи ворида аз ҳимоят ва ибрози ҳамдардии раиси ҷумҳӯр, вазири умӯри хориҷа, давлату миллати Эрон бо раиси ҷумҳӯр, давлату миллати Туркия қадрдонӣ кард .
Вай ҳамчунин бар тавваҷуҳи давлати Туркия ба вазъияти эрониёну донишҷӯён ва ҳамкорӣ бо сафорати Эрон дар Анқара ва сарконсулгарии Эрон дар Арзрум барои ироаи ҳар гуна мусоидат ба онҳо таъкид кард .
Бештар бихонед :