Феврал 12, 2023 11:26 Asia/Dushanbe
  • Генерал Ҳасанзода дар мусоҳиба бо Эрон Пресс: Ҳузури бошукуҳи мардум дар роҳпаймои тири халос бар пайкари фитнагарон буд
    Генерал Ҳасанзода дар мусоҳиба бо Эрон Пресс: Ҳузури бошукуҳи мардум дар роҳпаймои тири халос бар пайкари фитнагарон буд

Фармондеҳи сипоҳи Муҳаммад Расулаллоҳи Теҳрон дар ҳошияи роҳпаймои 22 баҳман дар мусоҳибаи бо хабаргузории Эрон Пресс  гуфт: Ҳузури бошукуҳи миллати Эрон дар ҷашни пирузии инқилоби исломӣ тири халос бар пайкари фитнагарон буд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Ҳасан Ҳасанзода, фармондеҳи сипоҳи Муҳаммад Расулаллоҳи Теҳрон бо баёни ин ки миллати Эрон мардуми бо басират, инқилоби, пойбанд ба усулу мабнои ва душманшинос ҳастанд изҳор кард мардуми Эрон бо ҳузури худ дар роҳпаймои 22 баҳман нишон доданд чеҳраи воқеъи эрони қави ин ҳузури бошукуҳ аст.

Фармондеҳи сипоҳи Муҳаммад Расулаллоҳи Теҳрон бо баёни ин ки бояд дасти пиру ҷавон, зану мард, кудаку ҷавонро бусид гуфт: Боиси ифтихор аст, ки парчами Сипоҳи посдорон ба унвони парчами иқтидори низом дар канори парчами Ҷумҳурии Исломии Эрон медурахшад.

Генерал Ҳасанзода хотирнишон кард: Барафрошта шудани парчами сипоҳ дар ин руз посух ба касоне аст, ки фикр мекарданд метавонанд Сипоҳи посдоронро тазъиф кунанд миллати Эрон сипоҳу басиҷро дар ҳамаи буҳронҳо канори худ дида аст.

Фармонҳеди сипоҳи Муҳаммад Расулаллоҳи Теҳрон таъкид кард Сипоҳи посдорон то охирин қатраи хун дар канори миллати Эрон меманд.    

Барчасп