Ҳузури коргардони тоҷик дар ҷашнвораи филми Фаҷри Эрон
(last modified Tue, 14 Feb 2023 05:16:03 GMT )
Феврал 14, 2023 10:16 Asia/Dushanbe
  • Ҳузури коргардони тоҷик дар ҷашнвораи филми Фаҷри Эрон

Коргардони тоҷикистонӣ бо филми “ Дов ” дар чиҳилу якумин ҷашнвораи байналмилалии филми “ Фаҷр ”-и Эрон ширкат кард .

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, филмиДов ” сохтаи Муҳиддин Музаффаров- коргардони тоҷикистонӣ, ки дар муассисаи давлатии  Суғдсинамо ” ба номи Комил Ёрматов ва муассисаи давлатииТоҷик- филм ” тавлид шудааст, дар чиҳилу якумин ҷашнвораи байналмилалии синамои Фаҷр намоиш дода шуд.
Ин ҷашнвора аз 1 то 11 феврали соли ҷорӣ дар Эрон баргузор шуд .
ФилмиДов ” мавриди тавваҷуҳи мухотабону меҳмонони ҷашнвораи филми Фаҷри Эрон қарор гирифт ва коргардони филм барои ширкат дар ҷашнвораҳои Малайзия ва  Маскав, ки тобистони имсол баргузор мешавад, даъват шуд .
Ин филм дар соли 2022 дар чанд намоиши байналмилалӣ низ ширкат кард .
Филм “ Дов ” ҳамчунин дар аввалин ҷашнвораи синамои миллии Тоҷикистон ширкат карду барандаи ду ҷоиза – “ беҳтарини филм ” ва “ беҳтарини нақши аввали мард ” шуд.