3.9 миллиард доллар азиши тиҷорати хориҷии Қирғизистон дар 5 моҳи нахусти соли 2023
(last modified 2023-06-12T16:21:40+00:00 )
Июн 12, 2023 21:21 Asia/Dushanbe
  • 3.9 миллиард доллар азиши тиҷорати хориҷии Қирғизистон дар 5 моҳи нахусти соли 2023
    3.9 миллиард доллар азиши тиҷорати хориҷии Қирғизистон дар 5 моҳи нахусти соли 2023

Ҳаҷми тиҷорати хориҷии Қирғизистон аз моҳи январ то апрели соли 2023 болиғ бар 3.9 миллиард доллар баровард шуда аст.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ҳаҷми тиҷорати хориҷии Қирғизистон дар январ то апрели соли 2023 болиғ бар 3.9 миллиард доллар буд ва нисбат ба муддати мушобеҳ дар соли гузашта 25 дарсад афзоиш ёфта аст.

Ба таври хос ҳаҷми содирот 18.9 дарсад ва ҳаҷми воридот 26.8 дарсад афзоиш ёфта аст.

Ҳаҷми тиҷорати мутақобил бо кишварҳои узви иттиҳодияи иқтисодии Авруосиё дар январ то апрели соли 2023 болиғ бар 1.1 миллаирд доллар буд, ки нисбат ба давраи мушобеҳи соли гузашта 7.6 дарсад коҳиш дошта аст.

Дар ҳамон замон содироти 0.9 дарсад афзоиш ёфт дар ҳоле, ки воридоти 12.9 дарсад коҳиш ёфт.

Бештарин саҳми тиҷорати мутақобили Қирғизистон бо кишварҳои узви ин иттиҳодия дар январ то апрели соли 2023 ба Русия 62.3 дарсад ва Қазоқистон 35.1 дарсад расида аст.

Барчасп