Рунамоӣ Русия аз сипари дифои ҳавоӣ Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъи
(last modified Mon, 27 Nov 2023 12:44:15 GMT )
Ноябр 27, 2023 17:44 Asia/Dushanbe
  • Рунамоӣ Русия аз сипари дифои ҳавоӣ Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъи
    Рунамоӣ Русия аз сипари дифои ҳавоӣ Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъи

Вазири дифои Русия ошкор кард як сомонаи падофанди ҳавоӣ муштараки байни Русия ва Ҷумҳуриҳои баромада аз Шуравии собиқ ки аъзои СПАД-ро ташкил медиҳанд, тавлид шуда аммо ин сомона дар ҳеҷ санади мунъакис нашудааст.

Ин эътилофи низомӣ ки аз соли 2002 токунун барқарор буда ҳамакнун шомили Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия ва Тоҷикистон аст.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон Сергей Шойгу вазири дифои Русия рузи якшанбе дар мусоҳиба бо шабакаи руси 24 гуфт дар ҳақиқати як чунин сомонаи падофанди ҳавоӣ муштарак дар сатҳи дуҷонибаи эҷод шуда аст.

У тавзеҳ дод мо бар сари ин падофанд тавофуқро бо ҳар як аз кишварҳо бо Арманистон бо Қазоқистон бо Қирғизистон бо Тоҷикистон ва сад албата бо Беларус дорем.

Вазири дифои Русия таъкид кард ин сомонаи падофанди зиди ҳавоӣ ба хуби муҷаҳҳаз буда ва дорои сахти афзорҳои муносиб аст у изҳор кард мо ба сурати давраӣ барои кор бо он мановрҳоеро баргузор мекунем ва онро дар шароити омода барои ҷанг ҳифз мекунем.

Шойгу таъкид кард: Чунончи лозим шавад ки мо дар аснод ба мавҷудияти ин сомона расмият бабахшем ин корро хоҳем кард.

Чанд рузи пеш Владимир Путин раиси Ҷумҳурии Русия изҳор кард Маскав дар чорчуби талош барои эҷоди як сипари дифои ҳавоӣ муштарак бо аъзои СПАД ду воҳид аз сомонаи дифои ҳавоӣ Эс-300-ро ки шомили ҳашт партобгар аст ба Тоҷикистон фиристод.

Путин таъкид кард: Ба таври кулли мо омодаем ба ин ҳамкории муртабит бо СПАД идома диҳем.