Эътои нишони ифтихор ба низомиёну кормандони шоистаи Тоҷикистон аз сӯи Эмомалӣ Раҳмон
(last modified 2024-09-04T14:44:05+00:00 )
Сентябр 04, 2024 19:44 Asia/Dushanbe
  • Эътои нишони ифтихор ба низомиёну кормандони шоистаи Тоҷикистон аз сӯи Эмомалӣ Раҳмон

Эмомалӣ Раҳмон ба низомиёну кормандони ҳифзи ҳуқуқ мукофотҳои давлатӣ ва рутбаҳои ҳарбӣ дод.

Хизматчиёни низомӣ ва кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ бо унвонҳои фахрӣ ва рутбаҳои махсуси навбатӣ, олии ҳарбӣ, навбатии ҳарбӣ ва дараҷавӣ қадрдонӣ шуданд.

Ба навиштаи сомонаи Спутник, Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон ба ифтихори таҷлили 33-юмин солгарди Истиқлоли давлатӣ ба як гуруҳ хизматчиёни низомии артиши кишвар ва кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқу тартиботро бо мукофотҳои давлатӣ ва рутбаҳои навбатии ҳарбию махсус сарфароз гардониданд.

Таъкид шудааст, ки мукофотҳои навбатӣ барои хизмати намунавӣ ва саҳми арзанда дар ҳифзи ҳуқуқҳои конститутсионии шаҳрвандон, мубориза бо ҷинояткорӣ, нигоҳдории тартиботи ҷамъиятӣ, ҳифзи сарҳади давлатӣ ва ҷасорату фидокорӣ дода шудааст.

Қайд карда шудааст, ки дар маросими супоридани мукофотҳои давлатӣ Президенти кишвар аз хизматчиёни ҳарбӣ ва кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқро ба хизмати содиқона бар нафъи давлату миллат, таъмини амнияту суботи сарзамин, риояи ҳатмии қонунияту тартибот, яъне волоияти қонун ва иҷрои бечунучарои талаботи ойинномаҳо даъват кард.

Барчасп