Эмомалӣ Раҳмон: Коҳиши фақр ва тавсеа дар Тоҷикистон ба баракати истиқлол аст
(last modified 2024-09-10T07:47:35+00:00 )
Сентябр 10, 2024 12:47 Asia/Dushanbe
  • Эмомалӣ Раҳмон: Коҳиши фақр ва тавсеа дар Тоҷикистон ба баракати истиқлол аст
    Эмомалӣ Раҳмон: Коҳиши фақр ва тавсеа дар Тоҷикистон ба баракати истиқлол аст

Раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон гуфт, мизони фақр дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 83 дарсади соли 1999 ба 21.2 дарсад дар соли 2023 коҳиш ёфта аст.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз Ховар, Эмомалӣ Раҳмон дар паёми табрикии худ ба муносибати сивусевумин солгарди Истиқлоли Тоҷикистон эълом кард ки дар ин кишвар мизони фақр аз 83 дарсад дар соли 1999 ба 21.2 дарсад дар соли 2023 коҳиш ёфт .

Эмомалӣ Раҳмон афзуд, барои идомаи ин раванд, давлат муваззаф шуда аст дар ҳафт соли оянда сатҳи фақрро ба 10 дарсад коҳиш диҳад .

Раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон изъон кард, дар ин муддат беш аз 2200 километр ҷода, даҳҳо километри тунел ва садҳо пули мутобиқ бо стандартҳои байналмилалӣ сохтаем ва ба яке аз аҳдофи роҳбурдии худ даст ёфтаем .

Вай афзуд, танҳо ба баракати истиқлол ин фурсатро доштем ки амалиёти сохти нерӯгоҳи обии Роғунро оғоз кунем ва сохт ин таъсисоти азимро тавсеа диҳем ва аввалин чархаҳои онро ба баҳрабардорӣ бирасонем.

Ҳамзамони нерӯгоҳҳои Сангтудаи-1, Сангтудаи-2 ва даҳҳо неругоҳи миёна ва кучакро сохтем, 75 дарсади шабакаҳои энергетикаи кишварро бозсозӣ кардем. Неругоҳи Сарбанд  ва системаи якпорчаи энержии кишварро эҷод кардем. Имруз сохт нерӯгоҳи Роғун  ва бозсозӣ ва мараммати нерӯгоҳи Норак ва Қайроқум ба шиддат дар ҳоли анҷом аст.

Барчасп