Коршиноси рус дар бораи қочоқи маводи мухаддир дар Қирғизистон бо ҳамкории бархе мақомоти давлатӣ
(last modified Sun, 29 Jan 2017 13:31:51 GMT )
Январ 29, 2017 18:31 Asia/Dushanbe
  • Коршиноси рус дар бораи қочоқи маводи мухаддир дар Қирғизистон бо ҳамкории бархе мақомоти давлатӣ

Коршиноси масоили иҷтимоии рус бо ишора ба ҳамкории бархе аз мақомоти қирғиз дар ҳамлу нақли қочоқи маводи мухаддир дар ин кишвар, аз бурузи таҳдидоти ҷиддӣ дар ин замина дар Осиёи Марказӣ ибрози нигаронӣ кард.

Ба гузориши “Сa-portal.ru”, Леонид Агафонов, коршиноси иҷтимоии рус гуфт, дар ҳоли ҳозир Қирғизистон яке аз фақиртарин кишварҳои Иттиҳоди ҷамоҳири Шӯравии собиқ аст, ки тақрибан сарчашмаи тақсими маводи мухаддир дар кулли минтақаи Осиёи Марказӣ маҳсуб мешавад.

Вай афзуд, қочоқи маводи мухаддир дар ин кишвар тавассути ниҳодҳои иҷроии қонуну созмонҳои амниятӣ рӯз ба рӯз бештар мешавад.

Агафонов идома дод, маводи мухаддир ибтидо аз Афғонистон ба Тоҷикистон ва сипас ба Қирғизистон мунтақил мешавад.

Коршиноси рус изҳор дошт: “Нақлу интиқоли аслии маводи мухаддир дар вилоятҳои Ботканд, Ӯш, Ҷалол‌обод ва Чу аст ва муттаассифона, бархе аз мақомоти Қирғизистон дар ин нақлу интиқол дахил мебошанд”.

Агафонов бо ишора ба афзоиши чашмгири ҳамли нақли маводи мухаддир дар ҷануби шарқии Қирғизистон дар солҳои ахир гуфт, каналҳое барои ҳамлу нақли маводи мухаддир тавассути мақомоти муҷрии қонуни Қирғизистон ба кишварҳои ҳамсоя эҷод шудааст.

Вай афзуд, муҳимтарин интиқолоти маводи мухаддир аз Тоҷикистон ба Қирғизистон тавассути гурӯҳҳои ҷиноӣ ва бо ҳимояти бархе аз мақомоти давлатии қирғиз сурат мегирад.

Агафонов гуфт, вазъияти қочоқи маводи мухаддир дар Қирғизистон дар шароити изтирорӣ қарор дорад ва мубориза бо ин мушкил барои давлат кори содае нахоҳад буд. Зеро маъмурини полис низ дар он дахил ҳастанд.

Коршиноси рус изофа кард, идомаи ин раванд на танҳо мунҷар ба вахомати бештари вазъияти иҷтимоиву иқтисодӣ дар Қирғизистон мешавад, балки амнияти минтақаи Осиёи Марказиро низ таҳдид мекунад.