Талаби беш аз 1 миллиондолларии “Қирғиз Телеком” аз ширкатҳои интернетии Тоҷикистон
(last modified Wed, 09 Aug 2017 05:36:43 GMT )
Август 09, 2017 10:36 Asia/Dushanbe
  • Талаби беш аз 1 миллиондолларии “Қирғиз Телеком” аз ширкатҳои интернетии Тоҷикистон

Қарзи 2 ширкати ироадиҳандаи интернет дар Тоҷикистон барои истифода аз хадамоти ширкати “Қирғиз Телеком”-и Қирғизистон ба 1 миллиону 349 ҳазор доллар расидааст.

Ба гузориши сайти “Аки Пресс”, Нурлан Муҳаммадаминов, раиси ширкати “Қирғиз Телеком” ин матлабро дар нишасти Сандуқи мудирияти амволи давлатии ин кишвар эълом кард.

Вай гуфт, ду ширкати ироадиҳандаи хадамоти интернетӣ дар Тоҷикистон, мавсум ба “Телеком Технолоҷи” ва “Сатурн онлайн” ба тартиб 687 ҳазору 219 доллар ва 663 ҳазор доллар ба ширкати “Қирғиз Телеком” қарздор ҳастанд ва бояд барои пардохти ин маблағ иқдом кунанд.

 Ба гуфтаи раиси ширкати “Қирғиз Телеком”, Додгоҳи байналмилалӣ бо баррасии шикояти тарафи қирғиз ду ширкати ироадиҳандаи хадамоти интернетӣ дар Тоҷикистонро муваззаф ба пардохти 1 миллиону 349 ҳазор доллар ба ширкати қирғизистонӣ кардааст. Аммо мақомоти ширкатҳои ёдшудаи тоҷикистонӣ барои пардохти қарзи худ ба тарафи Қирғизистон ҳеҷ иқдоме накардаанд.

Аз ин рӯ, ширкати “Қирғиз Телеком” аз давлати ин кишвар дархост кардааст, ки мавзӯро дар музокироти расмӣ бо мақомоти давлати Тоҷикистон матраҳ кунад то заминаи пардохти қарзи 1 миллиону 349 ҳазор долларии ширкатҳои ироадиҳандаи хадамоти интернетии тоҷикистонӣ фароҳам гардад.