Декабр 16, 2017 19:58 Asia/Dushanbe
  • Қирғизистону Узбакистон дар паи сохти хати рейлии муштарак

Сафари Соронбой Ҷенбеков, раисҷумҳури Қирғизистон ба Тошканд ва дидори вай бо  Шавкат Мирзиёев, ҳамтои узбакистонии худ бо ҳимояти раҳбарони ду кишвар аз сохти сареи хати рейлии Чин-Қирғизистон ва Узбакистон ҳамроҳ буд.

Ҷенбеков дар дидор бо ҳамтои узбаки худ дар ин бора гуфт: Роҳандозии ин долони рейлӣ ба истифодаи ҳадди аксарӣ аз зарфиятҳои транзитии ду кишвар ва тавсеаи зерсохтҳои ҳамлу нақл дар минтақа кумак хоҳад кард .

Раисҷумҳури Қирғизистон ҳамчунин омодагии ин кишварро барои ҳамкории фаъол бо Узбакистон, ҷиҳати иҷрои ин тарҳи рейлӣ ва низ роҳандозии ҳамлу нақли мусофирбарӣ миёни манотиқи марзии ду кишвар эълом кард .

Ба гуфтаи руасои ҷумҳурии ду кишвар, оғози ҳаччи сареи сохту сози хати рейлии Чин-Қирғизистон ва Узбакистон на фақат таъминкунандаи манофеи ҳамаи кишварҳои минтақа хоҳад буд, балки сабаби афзоиши зарфиятҳои транзитии Осиёи Марказӣ мешавад .

Ин хати рейлӣ, ки қарор аст, аз тариқи ҷумҳурии исломии Эрону Туркия ба хутути оҳани Аврупо васл шавад, наздик ба 20 сол аст, ки идома дорад .

Дар пешинаи эҳдоси ин хат ибтидо мавзуи миёни ду кишвари Чину Қирғизистон матраҳ шуд, ки ба муҷиби он таи солҳои 2002 то 2013 чанд тарҳи сохти хати рейлӣ дар ин масир мавриди баррасии коршиносону ниҳодҳои зирабти ду кишвар қарор гирифт .

Бо вуҷуди ин, ҳечгоҳ тарҳҳои матраҳ муҳаққақ нашуд, чун мушкили аслӣ дар иҷрои тарҳҳои хутути оҳан ба арзи хати оҳани ҷумҳуриҳои собиқи Шӯравӣ марбут мешуд, ки бо стандартҳои байналмилалӣ мутобиқат намекард .

Акнун аммо рӯйкарду навъи нигариши раисҷумҳуи ҷадиди Узбакистон ба ҳамкориҳои минтақаӣ ва байналмилалӣ ва вуруди муассир ба арсаи байналмилал ва оштӣ бо бозигарони байналмилалӣ дастхуши тағйир шудааст.

Қирғизистон низ шоҳиди баргузории интихоботи раёсатҷумҳурӣ будааст.

Аз ин рӯ, руасои ҷумҳурии Қирғизистону Узбакистон барои иҷроӣ кардани бархе ваъдаҳои интихоботии худ ногузир аз канор гузоштани сӯитафоҳумҳову ихтилофоти пешини ду кишвар ва низ дар паи эҳё ва бозсозии муносиботи ҳамаҷонибаи ду кишвар ҳастанд, то аз ин тариқ зимни тақвияти зерсохтҳои иқтисодӣ ва тиҷорӣ, гомҳои амалиро барои пайвастан ба тиҷорати байналмилалӣ бидуни истифода аз масирҳои суннатии пешин таҷруба кунанд.

Зоҳиран мақомоти Бишкеку Тошканд роҳҳалли ин муҳимро дар гоми аввал, дар ҳимоят аз сохти хати рейлӣ ва хутути роҳи оҳани миён ду кишвар ёфтаанд.

Ба аҳаммияти тавофуқи руасои ҷумҳурии Қирғизистону Узбакистон дар ҳимоят аз ин тарҳ, аз ҳамин зовия бояд нигарист .