Талоши Тоҷикистон ва Қазоқистон барои анҷоми муомилоти тиҷорӣ то 1 миллиард доллар
(last modified Sat, 11 Aug 2018 04:00:15 GMT )
Август 11, 2018 09:00 Asia/Dushanbe
  • Талоши Тоҷикистон ва Қазоқистон барои анҷоми муомилоти тиҷорӣ то 1 миллиард доллар

Дар нишасти Шӯрои муштараки ҳамкориҳои иқтисодии Тоҷикистон ва Қазоқистон дар шаҳри Душанбе, роҳҳои густариши ҳамкориҳои дуҷониба ва ба сақфи 1 миллиард доллар расонидани мизони муомилоти тиҷории ду кишвар то поёни соли ҷорӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Ба гузориши “Тоҷикистон Таймс”, мудири ширкати “Қазоқ Экспорт” гуфт, дар ин нишаст намояндагони 20 ширкати қазоқистонӣ бо ҳамтоёни тоҷики худ роҳҳои густариши ҳамкориҳои дуҷониба дар заминаҳои иқтисодӣ ва тиҷорӣ, саноат ва энержӣ, ҳамлунақл, беҳдоштиву дармонӣ ва дорусозӣ, кишоварзӣ ва сохтмонсозиро мавриди баррасӣ қарор хоҳанд дод.

Руслан Исҳоқов таъкид кард, пас аз нахустин нишасти ин шӯро дар шаҳри Душанбе дар соли ҷорӣ беш аз 10 ҳазор тон милгирд (арматура) аз корхонаи оҳангудозии шаҳри Темиртови Қазоқистон барои сохти нерӯгоҳи обии “Роғун” дар Тоҷикистон ирсол шудааст.

Ҳамчунин интиқоли 300 автобуси ҷадиди сохти Қазоқистон барои масирҳои буруншаҳрии Тоҷикистон дар назар мебошад. Тарафи Қазоқистон беш аз 100 дастгоҳ таксӣ ба Тоҷикистон содир кардааст, ки дар ояндаи наздик ҳам 50 таксии дигар ба Душанбе мунтақил хоҳад шуд.

Ширкатҳои роҳи оҳани ду кишвар низ барои воридоти рейлу вагон аз Қазоқистон ба Тоҷикистон ҳамкорӣ мекунанд.

Мизони муомилоти тиҷории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соли 2017 беш аз 840 миллион доллар эълом шудааст, ки имсол талош мешавад ин шохис ба 1 миллиард доллар бирасад.