Сентябр 07, 2016 19:04 Asia/Dushanbe
  • Покистон пешниҳоди Туркманистонро барои эҷоди хати мустақими интиқоли барқ рад кард

Покистон пешниҳоди нави Туркманистон барои сохти хати мустақими интиқоли барқ ба Покистонро напазируфта ва аз Туркманистон хостааст, дар сурати тамоюл барои содироти барқ ба Покистон, ба тарҳи КАСА-1000 (тарҳи интиқоли барқ аз Тоҷикистон ва Қирғизистон ба Покистон) ҳамроҳ шавад.

Рӯзномаи "Экспресс-трибюн"-и Покистон рӯзи чаҳоршанбе ба нақл аз манобеи огоҳи покистонӣ навишт: Покистон ба далели имзои қарордоди КАСА-1000 ба таври муштарак бо Афғонистон, Тоҷикистон ва Қирғизистон, бояд маблағи зиёде бобати ин тарҳ бипардозад ва Тоҷикистон ва Қирғизистон ба далели шароити матлуби тавлиди барқ дар тобистон, фақат имкони содироти барқ ба Покистон дар моҳҳои гарми солро доранд ва дар фасли сармо, хати интиқоли барқи КАСА-1000 метавонад барои интиқоли барқ аз Туркманистон ба Покистон мавриди истифода қарор гирад.

Покистон ва Афғонистон ҳар ду бо мушкили буҳрони камбуди энержӣ дасту панҷа нарм мекунанд ва қарор аст Покистон муштарии як ҳазор мегаватт ва Афғонистон ҳам дарёфткунандаи 300 мегаватт барқ аз тариқи хати КАСА-1000 бошанд.

Мақомҳои мухталифи Покистон борҳо эълом кардаанд, ки воридоти энержӣ аз Эрон сареътарин, иқтисодитарин ва имконпазиртарин роҳи таъмини ниёзи шадиди кишваршон ба энержӣ аст. Эрон барои афзоиши содироти барқ ба Покистон то се ҳазор мегаватт (тайи чанд марҳала) эъломи омодагӣ кардааст.

Тарҳи хати интиқоли барқ аз Қирғизистон ва Тоҷкистон ба Покистон ва Афғонистон, маъруф ба тарҳи КАСА-1000 (Осиёи Марказӣ-Осиёи Ҷанубӣ) қарор аст дар сурати иҷро ва такмил шудан, дар фасли тобистон, ки Тоҷикистон ва Қирғизистон тавлиди барқи изофӣ доранд, ҳудуди як ҳазору 300 мегаватт барқи ин кишварҳоро ба Афғонистон ва Покистон мунтақил кунад.

 

Барчасп