Мирзиёев: Сиёсати Тошканд бо ҳамсоягон дӯстона хоҳад монд
Раиси ҷумҳурии муваққати Узбакистон минтақаи Осиёи Марказиро авлавияти сиёсати хориҷии ин кишвар донист ва таъкид кард: "Мо дар иртибот бо ҳамсоягони худ, аз ҷумла Тоҷикистон, Туркманистон, Қазоқистон ва Қирғизистон ба сиёсати шаффоф ва дӯстонаи худ пойбанд хоҳем монд".
Ба гузориши хабаргузории "Форс", Шавкат Мирзиёев, раиси ҷумҳурии муваққати Узбакистон дар иҷлоси муштараки маҷлисҳои сано ва олии ин кишвар афзуд: "Мо дар оянда низ ба ҳамкориҳои муассири худ бо тамоми кишварҳои хориҷӣ идома медиҳем ва таҳкими равобит бо ҷомеаи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, ба хусус Русия дар авлавияти сиёсати хориҷии мо қарор дорад".
Раиси ҷумҳурии муваққати Узбакистон таъкид кард: "Ҳадафи мо боло бурдани эътибори Узбакистон дар сатҳи ҷаҳонӣ аст ва дар ин замина аз ҳеҷ иқдоме кӯтоҳӣ нахоҳем кард".
Мирзиёев ҳамчунин гуфт, худдорӣ аз вуруд ба блокҳои низомӣ ва сиёсӣ ва ҷилавгирӣ аз истиқрорӣ пойгоҳҳои низомиӣ кишварҳои дигар дар хоки Узбакистон авлавияти сиёсати Тошканд аст.
Раиси ҷумҳурии муваққати Узбакистон гуфт, густариши беш аз пеши ҳамкориҳо бо Созмони Милали Муттаҳид, Созмони Ҳамкории Шанхай, Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Созмони Ҳамкории Исломӣ ва дигар созмонҳои байналмилалӣ ба манофеи миллии Узбакистон кӯмак мекунад.
Шавкат Мирзиёев, нахуствазири собиқи Узбакистон рӯзи гузашта бо раъйи Маҷлиси сано ва Маҷлиси олии Узбакистон ба унвони раиси ҷумҳурии муваққати ин кишвар интихоб шуд.
Мирзиёев то замони интихоботи раёсати ҷумҳурӣ дар 3 моҳи оянда, идораи умури Узбакистонро бар ӯҳда хоҳад дошт.