Ҳузури 60-рӯзаи бидуни сабти номи шаҳрвандони Тоҷикистон дар Қирғизистон
Маҷлиси намояндагони Қирғизистон тавофуқномаи ҳузури бидуни сабти номи шаҳрвандони Тоҷикистон ба муддати 60 рӯз дар қаламрави Қирғизистонро тасвиб кард.
Ба гузориши сомонаи Маҷлиси намояндагони Қирғизистон, акнун шарҳвандони Тоҷикистон, ки қабл аз тасвиби ин созишнома бояд тайи 5 рӯзи ҳузури худ дар қаламрави Қирғизистон дар идораи пулис сабти ном мешуданд, метавонанд бидуни ин кор, 60 рӯз дар ин кишвар ба сар баранд.
Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон дар тарихи аввали феврали соли ҷорӣ тавофуқномаи ҳузури бидуни сабти номи шаҳрвандони Қирғизистон ба муддати 60 рӯз дар Тоҷикистонро тасвиб карда буд.
Бар асоси тавофуқномаи қаблӣ муқаррароти ҳузури шаҳрвандони ин ду кишвар дар қаламрави Тоҷикистон ва Қирғизистон, ин афрод танҳо 5 рӯз метавонистанд бидуни сабти ном дар идораи полис дар қаламрави кишварҳои якдигар ҳузур дошта бошанд.
Тоҷикистон ва Қирғизстон ду ҳамсояи наздик мебошанд, ки равобити густурдаи иқтисодӣ ва тиҷорӣ доранд ва тасвиби тавофуқномаи ҷадиди ҳузури шаҳрвандони ин ду ҷумҳурӣ ба муддати 60 рӯз бидуни сабти ном сабаби тақвияти бештари муносиботи Душанбе ва Бишкек хоҳад шуд.
Дар ҳоли ҳозир Тоҷикистон бахши умдаи сӯхт, гандум ва маҳсулоти саноатии мавриди ниёзи худ аз Русия ва Қазоқистонро бо истифода аз қаламрави Қирғизистон ворид мекунад.