Рутбаи севвуми Қазоқистон дар руйхатти арзонтарин интернети ҳамроҳ дар ҷаҳон
Ширкати таҳқиқотии Cable.co.uk дар рутба бандии кишварҳои ҷаҳон, Қазоқистонро дар ҷойгоҳи севвуми ин руйхат аз назари пойитарин ҳазинаи интернети ҳамроҳ қарор дод.
Ба гузориши хабаргузории Форс, ширкати таҳқиқотии Cable.co.uk дар рутба бандии кишварҳои ҷаҳон, Қазоқистонро дар ҷойгоҳи севвуми ин руйхат аз назари пойитарин ҳазинаи интернети ҳамроҳ қарор дод.
Бинобар ин рутба бандӣ, дар миёни 230 кишвари мухталифи ҷаҳон арзонтарин интернети тилифони ҳамроҳ дар Ҳинд буда ва нархи он 0.26 доллар барои ҳар гегабайт мебошад. Қирғизистон бо 0.27 доллар ва Қазоқистон бо 0.49 барои ҳар гегабайт дар мавқеъиятҳои дуввум ва севвуми ин руйхат қарор доранд.
Нархи интернети тилифони ҳамроҳ дар Украина бинобар ин рутба бандӣ 0.51 доллар аст ва Киев дар мавқеъияти чаҳоруми ин руйхат қарор гирифтааст.
Коршиносони британияӣ бо баррасии арзиши мутавассити ҳар як гегабайт интернети тилифон ба доллар, нақшаи кишварҳои ҷаҳонро бо таваҷҷуҳ ба қиматӣ ва арзонии таърафаи интернет дар кишварҳо таҳия карданд. Фаронса дар ин руйхат бо нархи 2.99 доллар барои як гегабайт дар мавқеъияти 62, Олмон бо 6.96 доллар дар рутбаи 140, Британия бо 6.66 доллар дар мавқеъияти 136 қарор гирифтанд. Иёлоти муттаҳида бо 12.37 доллар дар ҷойгоҳи 182 ва Канада бо 12.02 доллар дар мавқеъияти 179 ин руйхат дарҷ шуданд.
Дар мавқеъиятҳои охири ин ҷадвал кишварҳои фақир ва тавсеъанаёфтаи африқоӣ қарор доранд, барои мисоли Гинаи устувоӣ бо арзиши 65.83 доллар барои якгегабайт интернет дар мавқеъияти 229 ва Зимбабве бо 75.2 доллар дар рутбаи 230 ин руйхат қарор гирифтанд.