Муқоисаи қимати интернети Тоҷикистон бо Қирғизистон
Қирғизистон ба лиҳози қимати интернет пас аз Ҳинд арзонтарин кишвари ҷаҳон аст.
Ба гузориши сомонаи Toptj.com, ширкати байналмилалии Cable эълом кардааст, мардуми Қирғизистон интернетро дар кишваршон бисёр арзон мехаранд ва аз ин лиҳоз ин кишвар ҷузви шаш кишвари нахусти ҷаҳон аст ва пас аз Ҳинд дар радаи дувум қарор дорад.
Қимати як мегабайт интернет ҳамакнун дар Қирғизистон каме беш аз 2 сомонӣ аст.
Ин дар ҳоле аст, ки қимат ҳар мегабайт интернети Тоҷикистон, ки поинтарин суръати интернетро дар ҷаҳон ба номи худ сабт кардааст, аз 27 март бидуни муҳосибаи молиёт бар арзиши афзуда ба 50 сомонӣ (муодили 5,3 доллар) хоҳад расид.
Раҷабалӣ Маҷидов корманди хадамоти давлатии зиддиинҳисории Тоҷикистон сабаби афзоиши қимати интернет дар ин кишварро кумак ба ҳифзи саломатии шаҳрвандони ин ҷумҳурӣ унвон кардааст.
Вай муддаӣ аст, ки мардуми Тоҷикистон аз интернет бештар барои дидани филм истифода мекунанд, дар ҳоле, ки интернет барои саломати онон зараровар аст.
Ба гуфтаи ин мақоми давлатӣ, ширкатҳои фароҳамкунандаи хадамоти интернет дар Тоҷикистон бо ворид кардан ва насби таҷҳизоти ҷадид, заминаи коҳиши гуфтугӯҳои телефониро фароҳам кардаанд, ки боиси уфти пардохти молиёт ба будҷаи давлат шудааст.
Ин изҳороти Раҷабалӣ Маҷидов бо вокунишҳои густурдаи корбарони интернет дар дохил ва хориҷи Тоҷикистон рӯ ба рӯ шудааст.
Қаблан Нусратуллоҳ Давлатзода раиси кумитаи давлатии молиёти Тоҷикистон гуфта буд, ки мизони пардохти молиёт аз сӯи ширкатҳои фароҳамгари хадмоти интернет дар Тоҷикистон дар соли 2018 дар муқоиса бо соли пеш аз он 123 миллион сомонӣ муодили 12 дарсад коҳиш ёфтааст.
Афзоиши қимати истифода аз интернет дар Тоҷикстон дар ҳоле эълом шуд, ки ин кишвар оғози имсол дар радабандии ҷаҳонии суръати интернети телефони ҳамроҳ, охирин кишвари ҷаҳон буд ва мақоми 137-ро ба худ ихтисос дод.