Эҷоди маҳдудият барои убури шаҳрвандони тоҷик аз сӯи мақомоти Узбакистон ва Қазоқистон
(last modified Tue, 17 Mar 2020 05:49:51 GMT )
Март 17, 2020 10:49 Asia/Dushanbe
  • Эҷоди маҳдудият барои убури шаҳрвандони тоҷик аз сӯи мақомоти Узбакистон ва Қазоқистон

Ба шаҳрвандони Тоҷикистон иҷозаи вуруд ба хоки Узбакистон дода намешавад.

Ба нақл аз Аки-Пресс, бештари онҳо бо хонаводаҳои худ дар минтақаи марзӣ мунтазири судури иҷозатномаи убур ҳастанд, мақомоти Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон дар талош барои ҳалли авзоъ ҳастанд.

Мақомҳои Қазоқистон ва Узбакистон бо густариши коронавирус убури мусофиронро дар минтақаҳои марзии кишварашон маҳдуд карданд,ба ҳамин далел, бархе аз шаҳрвандони тоҷик ҳангоми бозгашт аз Русия бо мушкили убур рӯбарӯ шуданд.

Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон ҳам эълом кард, ки Узбакистон ва Қазоқистон ба далели густариши коронавирус барои убури шаҳрвандони тоҷик ба ин ду кишвар маҳдудият эҷод карданд.

Дар баёнияи ин вазоратхона дар хабаргузории Ховар таъкид шудааст, ки ба далели ин иқдоми Узбакистон ва Қазоқистон  зарурат дорад, ки  шаҳрвандони Тоҷикистон аз сафар ба ин ду кишвар аз ҷумла сафарҳои теранзитӣ худдорӣ кунанд.