Ҳалокати масъули иттилооти ДОИШ дар шарқи Афғонистон
Идораи амнияти миллии Афғонистон эълом кард: Асадуллоҳ Оракзай- масъули иттилооти шохаи Хуросони гуруҳи террористии ДОИШ дар вилояти шарқии Нангарҳор кушта шудааст.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз ИРНА, дар иттилоияи бомдоди якшанбеи Идораи амнияти миллии Афғонистон омадааст: Зиёураҳмон машҳур ба Асадуллоҳ Оракзай дар минтақаи Фомилиҳо дар шаҳри Ҷалолобод маркази вилояти Нангарҳор дар амалиёти вижаи неруҳои амнияти миллии Афғонистон кушта шудааст.
Дар ин иттилоия тасреҳ шуда, ки Асадуллоҳ Оракзай сокини минтақаи Ахир Оракзай Иҷинсии Покистон буда, ки дар амалиёте ҳадафманд ба ҳалокат расидааст.
Бар асоси эъломи Идораи амнияти миллии Афғонистон, Оракзай масъули иртибототи гуруҳи ДОИШ бо яке аз кишварҳои минтақа низ будааст.
Идораи амнияти миллии Афғонистон моҳи апрел низ аз боздошти Аслам Форуқӣ- раҳбари шохаи Хуросони гуруҳи террористии ДОИШ ҳамроҳ бо 19 нафари дигар аз авомили ин гуруҳ дар ҷануби ин кишвар хабар дод.