Иҷрокунандаи вазифаи Раиси Ҷумҳурии Қирғизистон ба танишҳои ахир дар марз бо Тоҷикистон вокуниш нишон дод
(last modified Mon, 26 Oct 2020 18:30:15 GMT )
Октябр 26, 2020 23:30 Asia/Dushanbe
  • Ҷабборов: Масъалаҳои марзӣ бо Тоҷикистонро тавассути муколама ҳал кардан мумкин аст
    Ҷабборов: Масъалаҳои марзӣ бо Тоҷикистонро тавассути муколама ҳал кардан мумкин аст

Иҷрокунандаи вазифаи Раиси Ҷумҳурии Қирғизистон ба нақшаҳои суръат бахшидани музокироти марзӣ бо Тоҷикистон дастур додааст.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи Спутник, Садир Ҷабборов дар дидор бо Улуғбек Шоршиев фармондиҳи нерӯи марзбонии Қирғизистон бо баррасии ҳодисаи тирандозии ахир дар марз бо Тоҷикистон, баргузории ҳар чӣ зӯдтари нишасти камиссияи байни давлатии ду кишварро барои аломатгузорӣ манотиқи мавриди ихтилоф хостор шудааст. 

Иҷрокунандаи раёсати Ҷумҳурии Қирғизистон таъкид кардааст ,ки масоили марзӣ бо Тоҷикистон танҳо аз роҳи гуфтугӯҳои сиёсӣ қобили ҳал аст ва ӯ дар рӯзҳои наздик бо сафар ба вилояти Ботканд аз наздик бо авзоъ ошно хоҳад шуд.

Ин дарҳолест, ки ахиран комитети давлатии амнияти миллии Тоҷикистон бо интишори баёнияе марзбонони Қирғизистонро ба тирандозӣ ба сӯи сокинони рустои Хоҷа Аълои ноҳияи Исфара, ки ба таъвизи лӯлаи қадимии об дар дохили ин русто машғӯл будаанд муттаҳам кард.

  
 Гуфта мешавад, ки дар ҳодисаи тирандозии рӯзи 25 октябр дар марзи Тоҷикистон ва Қирғизистон ба касе осеб нарасидааст ва акнун мақомоти интизомии ду кишвар саргарми баррасии ин моҷаро ҳастанд .

Дар пайи ду даҳаи музокироти мақомоти ду кишвар барои ҳалли ихтилофоти марзӣ, фақат 520 километр аз марзи 970 километрии Тоҷикистон ва Қирғизистони аломатгузорӣ шудааст.
  
 Бештар бихонед :

 

Барчасп