Март 01, 2021 12:20 Asia/Dushanbe
  • Тоҷикистон ва Узбакистон инчунин барои беморон ва хешовандони марҳум иҷозатномаи транзит доданд
    Тоҷикистон ва Узбакистон инчунин барои беморон ва хешовандони марҳум иҷозатномаи транзит доданд

Мақомоти Тоҷикистон ва Узбакистон дар идомаи осонсозии рафтуомади атбои ду кишвар аз тариқи гузаргоҳҳои заминӣ бо убури беморон ва наздикони афроди фавтшуда дар манотиқи марзӣ мувофиқат карданд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи Тоҷ Вик,  дар пайи дидори Хусрав Нозирӣ ва Фарҳод Орзуев муовинони аввали вазирони умури хориҷаи Тоҷикистон ва Узбакистон аз тариқи иртиботи тасвирӣ тасмим гирифта шуд, ки рафту омади афроди бемор ва наздикони фавтшудагон дар манотиқи марзи муштараки ду кишвар муҷоз гардад. 

Барои беморону касоне, ки наздикони худро дар кишвари ҳамсоя аз даст додаанд, доштани гувоҳиномаи расмии беморӣ ё фавти наздикон бо таъйиди мақомоти тандурустӣ ва ҷавоби манфии озмоиши Ковиди 19 дар марз илзомист. 

Ин озмоиш дар марзи ду кишвар гирифта мешаваду ҳазинаи он низ 14 доллар хоҳад буд, ки ҳазинааш аз ҳисоби мусофир пардохт мегардад. 

Марзҳои заминии Тоҷикистон впа Узбакистон аз моҳи марти соли 2020 ба далели густариши вируси корона баста шуда ва танҳо барои рафтуомади тоҷирон ва донишҷӯён боз аст.

Бо ин ҳол мавзӯи бозгушоии марзҳои заминии ду кишвар, ки ҳамакнун танҳо барои рафту омади тоҷирон ва донишҷӯён ва  беморон муҷоз аст ҳанӯз мубҳам мебошад. 

Агарчӣ бархе манобеи ҳукуматӣ дар Тоҷикистон аз эҳтимоли бозгушоии марзҳои заминии ду кишвар дар наврӯз хабар додаанд,  вазири роҳу нақлиёти Тоҷикистон Азим Иброҳим ин эҳтимолро баъид донист.

 

Бештар бихонед:

Барчасп