Июл 11, 2023 13:39 Asia/Dushanbe
  • Азим Иброҳим, вазири роҳу нақлиёти  Ҷумҳурии Тоҷикистон
    Азим Иброҳим, вазири роҳу нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ибтикори Ҷумҳурии Тоҷикистон барои " эҷоди Маркази минтақаии дипломасии нақлиётӣ дар Душанбе " таи ҷаласае дар Нию-Йорк баррасӣ мешавад.

Ба гузориши Ховар, ба гуфтаи Азим Иброҳим, вазири роҳу нақлиёти  Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор аст фардо 12 июл конфаронси вижае дар маҷмаъи сиёсии олии Созмони Миллал дар мавриди тавсеаи пойдор дар Нию-Йорк баргузор шавад, ки дар он ибтикори Ҷумҳурии Тоҷикистон барои эҷоди маркази минтақаии дипломасии ҳамлу нақл дар Душанбе баррасӣ шавад .
Ба гуфтаи Азим Иброҳим дар таърихи 24 апрели соли ҷорӣ дар шаҳри Душанбе, пойтахти Тоҷикистон байни Вазорати роҳу нақлиёти  Ҷумҳурии Тоҷикистон,  Маркази байналмилалии дипломосии ҳамлу нақл ( ICTD ) ва Донишгоҳи фаннии Тоҷикистон ба номи Муҳаммади Осимӣ тафоҳумномае имзо ва таъкид шуд, ки эҷоди ин маркази минтақаӣ ба тавсеаву иҷрои тарҳҳо, рӯйдодҳо, барномаву пружаҳо барои тазмини аҳдофи тавсеаи пойдор дар ҳавзаи ҳамлу нақл кумак мекунад .

Бештар бихонед :

 

Барчасп